Ҳувияти шаш қурбонии тирпаронӣ дар Перм маълум шуд: ҷавонтарини онҳо 18 сол дошт

© Sputnik / Ольга Домская / Гузаштан ба хазинаи аксАкции памяти погибших в Перми
Акции памяти погибших в Перми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҷавонтарин нафаре, ки дар ҳодисаи тирпаронии Донишгоҳи Перм кушта шуд, 18 сол дошт
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазорати амнияти Перм ахиран рӯйхати кушташудагони тирпаронӣ дар донишгоҳро нашр намуд, ки ҷавонтаринашон 18 ва аз ҳама бузургтари онҳо 66 сол доштанд.
Ҳар яке аз шаш қурбонӣ ба дасти донишҷӯйи 18-солаи ин донишгоҳ кушта шуданд.
Номбурда рӯзи 20-уми сентябр бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, ба донишгоҳ омад ва сӯйи донишҷӯёну омӯзгорон, кормандони ин боргоҳ оташ кушод, ки дар натиҷа шаш нафар кушта шуда, 24 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, феълан дар бемористон қарор доранд.
Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Оташкушоии фарди номаълум дар Донишгоҳи Перм чанд куштаву захмӣ бар ҷой гузошт
Вазорати мазкур дар "Telegram" рӯйхати қурбониёнро нашр кард, ки онро дар зер хонед:
Энгаус Маргарита Геннадиевнаи 66-сола;
Арамелев Ярослав Алексеевичи 19-сола;
Самченко Ксения Павловнаи 18-сола;
Шакирова Екатерина Родомировнаи 19-сола;
Айгелдина Анна Александровнаи 26-сола;
Мохова Александра Юревнаи 20-сола.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала