Сухангӯи "Толибон": Тавоноии нобуд кардани “ДИИШ”*-ро дорем

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Дар замони ҳукумати пешин гурӯҳи ДИИШ* дар вулусволии Шинвори вилояти Нангарҳор ҳузури фаъол дошт, аммо пас аз набардҳои сахт эълон шуд, ки ин манотиқ аз вуҷуди гурӯҳи ДИИШ поксозӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар кобинаи муваққатии “Толибон”* гуфтааст, ки ДИИШ* ба Афғонистон таҳдид намекунад ва онҳо қудрати пурра назорат кардани ин гурӯҳро доранд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба "TOLOnews" гуфт, ки ду гурӯҳ дар пайванд бо рӯйдодҳои ахир дар шаҳри Ҷалолобод боздошт шудаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле баён шуд, ки гурӯҳи ДИИШ* масъулияти чанд ҳамла дар як моҳи охир дар Кобул ва Нангарҳорро бар дӯш гирифт.
Наворе дар вебсойти "Aamaq", сойти ба ДИИШ марбут интишор шудааст, нишон медиҳад, маҳз ДИИШ масъулияти ҳамлаҳои ахир дар Нангарҳорро бар дӯш гирифтааст. Аммо “Толибон”* ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистон намедонад.
Официальный представитель движения Талибан Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
"Толибон"* аз таъйини аъзои нави ҳукуматашон аз Панҷшеру Сарипул хабар дод
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт: “ДИИШ* аз ин лиҳоиз хатар нест, ки фикри ДИИШ дар миёни мардум фикри манфур аст ва касе аз онҳо ҳимоят намекунанд. Дувум, муборизаи мо бо ДИИШ* дар гузашта муассир буд ва мо воситаи хунсо кардани онҳоро дорем”.
Дар замони ҳукумати пешин гурӯҳи ДИИШ* дар ноҳияи Шинвори вилояти Нангарҳор фаъол буд, аммо пас аз задухӯрдҳои шадид эълон шуд, ки ин минтақаҳо аз ДИИШ* поксозӣ шудааст.
Аммо бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ бо такя ба ҳамлаҳои ахири ДИИШ* дар Нангарҳор ва Кобул бар ин боваранд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар ҳамчунон фаъол аст.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Покистон мегӯяд, ҳукумати "Толибон"*-ро эътироф намекунад
Иброҳим Баас, як фаъоли сиёсӣ ба "TOLOnews" гуфт: "Ман фикр мекунам, ки ҳадафи онҳо нишон додани он буд, ки онҳо дар Афғонистон ҳузур доранд ва мехоҳанд муборизаи худро бо ҳукумати кунунӣ идома диҳанд".
Қаблан, НАТО ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон аз эҳтимоли эҳёи “ал-Қоида” ва ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда буданд, аммо ҳоло “Толибон”* мегӯянд, ки ба ягон гурӯҳи мусаллаҳ дар Афғонистон иҷоза намедиҳанд, ки ба фаъолиятҳои террористӣ машғул шаванд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала