"Толибон"* аз таъйини аъзои нави ҳукуматашон аз Панҷшеру Сарипул хабар дод

© AFP 2021 / AAMIR QURESHIОфициальный представитель движения "Талибан" Забихулла Муджахид
Официальный представитель движения Талибан Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
"Толибон"* аз тағйироти кадрии ҷадид дар ҳукумати нави Афғонистон хабар додааст. Аз ҷумла ду вазири нав ва муовинон таъйин шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ин гурӯҳи мамнуъ иттилоъ додааст, ки Нуриддин Азизӣ, соҳибкор аз вилояти Панҷшер ба ҳайси вазири тиҷорат дар ҳукумати нави Афғонистон таъйин гаштааст.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Ҳоҷӣ Муҳаммад Башир, сокини вилояти Бағлон ба ҳайси муовини вазири тиҷорат интисоб шудааст.
Соҳибкори дигар Ҳоҷӣ Муҳаммад Азим Султонзода, сокини вилояти Сарипул мақоми муовини дуввуми вазири тиҷоратро гирифтааст.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Вокуниши Нур ба тағйири номи Донишгоҳи Раббонӣ: Як рӯз бармегардем ва ҳисобу китоб мекунем
"Толибон"* афзуд, ки доктор Қаландар Ибод ба мақоми вазири тандурустӣ расидааст. Абдулбоқӣ Умар, мақоми муовини аввали вазири тандурустӣ ва доктор Муҳаммад Ҳасан Ғиёсӣ ҳамчун муовини дуввуми вазири тандурустӣ таъйин шудаанд.
Қаблан эълон шуд, ки ба мақоми роҳбари олии Афғонистон – раиси “Толибон”* Ҳибатуллоҳ Охундзода интихоб шудааст.
Ба мақоми сарвазир Мулло Муҳаммад Ҳасан, ба ҳайси ноиби аввали сарвазир Мулло Абдулғанӣ Бародар, ноиби дуюми сарвазир Мавлавӣ Абдуссалом Ҳанафӣ таъйин гардидаанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала