Боғчаи “Ахтарак” дар Рашт: Нахустин макони забономӯзӣ барои кӯдакон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие нового детского сада в Душанбе
Открытие нового детского сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт як боғчаи замонавиеро, ки дар он дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт боғчаи “Ахтарак”-ро ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Бинобар иттилои манбаъ, иншооти таълимӣ аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад.
Манбаъ иттилоъ додааст, ин аввалин боғчаест дар ноҳияи Рашт, ки дар он дар баробари забони тоҷикӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Аз Шуле то Навобод: Раҳмон дар ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро ифтитоҳ кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ин сеюмин боғчаи бачагона ба ҳисоб меравад, ки дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд ва барои ҳарчи бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат мекунад.

“Дар ин даргоҳ дӯстрӯякони аз 3 то 6-сола ба воситаҳои аёнӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд”,-таъкид доштааст манбаъ.

Инчунин қайд карда шудааст, ки дар марҳилаи аввал мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват карда мешаванд ва дар ин баробар бонувони маҳаллӣ барои минбаъд ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардан омӯзонида мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳамин ҷо барои то 200 нафар навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав барои 300 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0