Ҳавои камабру бебориш: Обуҳавошиносони тоҷик то 35 дараҷа гармиро пешгӯӣ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевЦветы в городе Душанбе
Цветы в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуҳавошиносони тоҷик мегӯянд, ҳаво дар ҷумҳурӣ камабри бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 12 ва рӯзона то 30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 17 дараҷа гарм арзёбӣ шудааст.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабру бебориш ва рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то +26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 19 ва рӯзона то 36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 16 ва рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.
Ғунучини пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2015
Дар Хатлон занони ҳомиларо аз кор дар гармо ҳушдор доданд
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш, дар водиҳо шабона то +15 ва рӯзона то +35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то 10 ва рӯзона то 31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳам ба монанди дигар минтақаҳои кишвар ҳаво камабри бебориш, шабона то 14 ва рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала