Ҳавопаймои "Ан-26" дар Хабаровск нопадид шудааст

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксВоенно-транспортный самолет Ан-26
Военно-транспортный самолет Ан-26 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Ҳавопаймои "Ан-26" дар вилояти Хабаровск аз назари дастгоҳҳои назоратӣ ғайб задааст
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Тамос бо ҳавопаймои ҳомили шаш нафар дар вилояти Хабаровск қатъ шуда, он аз назари дастгоҳҳои сабти парвоз ғайб задааст.
Дар ин бора "РИА Новости" бо такя ба манобеаш дар хадамоти фаврӣ - наҷотадиҳӣ хабар додааст.
Ҳавопаймои "Ан-26" парвози техникиро барои санҷиши дастгоҳҳои алоқа анҷом додааст, навиштааст ТАСС.
Место крушения самолёта L-410 возле села Казачинское в Иркутской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Навори макони суқути ҳавопаймо дар Иркутск: Чаҳор нафар ҷон бохт
Яке аз манобеи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳавопаймо дар 36-километрии ҷанубу ғарбии фурудгоҳи марказии Хабаровск нопадид шудааст, манбаи дигар макони бедаракшавиро минтақаи мамнуъгоҳи Хехсирск гуфтааст.
Мақомоти маҳаллии Хабаровск изҳор доштаанд, чархболе, ки барои ҷустуҷӯи ҳавопаймо фиристода шуд, ҳеч осоре аз онро пайдо накардааст, чун фосилаи биниш ба далели ҳавои номусоид хеле кам мебошад.
Таъкид шудааст, ки дар чунин шароити боду ҳаво барои ҷустуҷӯю наҷот ба эҳтимоли зиёд хадамоти заминӣ фиристода шаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала