Ҳушдори роҳбари Ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз хатари паҳншавии идеологияи "Толибон"*

© AP / Bernat ArmangueБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Гуруҳе аз русиягиҳо дар қабули идеологияи "Толибон"* муттаҳам мешаванд ва ба онҳо муҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Идеологияи созмони террористии "Толибон"* метавонад дар қаламрави Русия низ паҳн шавад.
Дар ин бора зимни суҳбат бо URA.RU Фаррух Мирзоев, роҳбари Ҷамъияти тоҷикон, раиси Анҷумани иттиҳодияҳои миллӣ - фарҳангии вилояти Свердлов изҳор назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, хатари вуруди ҷангиёни зиёди "Толибон"* ба Русия ҷой надорад, чун убури марзи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ кори саҳл нест. Аммо бо вуҷуди ин бархе метавонанд роҳ ёбанд, изҳор доштааст ӯ.

"Хатари асосӣ дар паҳнавшии идеологияи онҳост, ки метавонад дар мағзи гурӯҳе аз русиягиҳо ҷой ёбад",-изҳор дошт Мирзоев.

Ӯ таъкид намуд, Русия яке аз кишварҳоест, ки мусалмонон дар он зиёд иқомат мекунанд. Феълан дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 25 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Маскав мавзӯи мулоқот бо роҳбарони "Толибон"*-ро гуфт
Гуфта мешавад, давлат манфиатдор аст, ки дар қаламрави Русия исломи анъанавӣ густариш ёбад, на ҷараёни тундгароёна.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Екатеринбург панҷ нафарро бо иттиҳоми ҷонибдорӣ аз "Толибон"* боздошт кардаанд. Бар асоси иттилои расонаҳо, як шаҳрванди Русия ва чор шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳалли иқоматашон маводи тарканда пинҳон кардаанд, ки дар сурати тасдиқи гуноҳашон ба онҳо то 30 соли зиндон таҳдид мекунад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала