Ифтитоҳи майдончаи дигари футбол аз сӯйи ФФТ дар Хоруғ ва сипоси Файзов

© ФФТВ Хороге была построена и сдана в эксплуатацию еще одна футбольная площадка
В Хороге была построена и сдана в эксплуатацию еще одна футбольная площадка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Майдончаи нави футбол дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ин майдони футбол бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хрруғ ба истифода дода шуд, иттилоъ додааст ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи майдонҳои нави футбол дар шаҳри Хоруғ барои оммавӣ гардондани ин намуди варзиш мусоидат мекунад. Шароит фароҳам мешавад, ки ҷавонону кӯдакони бештар ба футбол ҷалб гарданд, таъкид кардаст ФФТ.
Манбаъ афзуд, ки дар маросими ифтитоҳи майдончаи ҷадиди футбол раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва шаҳрдори Хоруғ Алишер Мирзонабот иштирок намуданд.
Амир Мемори Манеш, футболбози эронии тими Душанбе, ки аз ҳаққи футбол дар Тоҷикистон маҳрум шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Футболбози эронии тими "Душанбе" абадан аз футбол дар кишвар маҳрум шуд: "қиморбоз будаст"
Дар миёни иштирокдорони маросими ифтитоҳ инчунин аз Увайдо Давлатбеков, мудири Лигаи футболи кӯдакону наврасон ва Абдулло Соқиев, роҳбари Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ном бурда шудааст.
Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ФФТ барои чунин ташаббусҳояш изҳори миннатдорӣ намуд. Ба гуфтаи Файзов, майдони дигари футбол дар Хоруғ такони дигаре барои ҷалби писарону духтарон ба ин навъи варзиш хоҳад шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон қаблан низ дар шаҳри Хоруғ майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболбозиро бунёд карда, изҳор дошт, ки корро дар ин бахш идома хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала