Кумаки 45-миллиондолларии Созмони Миллал ба бахши беҳдошти Афғонистон

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксГородская клиническая инфекционная больница в Казахстане
Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Миллали Муттаҳид 45 миллион доллар аз Сандуқи маркази вокуниши изтирории ин созмони ҷаҳонӣ чун кумаки башардӯстона ба Афғонистон ихтисос медиҳад
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Мартин Гриффитс, муовини Дабири кулли СММ дар умури башардӯстона ва ҳамоҳангкунандаи кумаки изтирорӣ ахиран дар як изҳорот гуфт, ки ин маблағ дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Хазинаи кӯдакони СММ ( ЮНИСЕФ) қарор мегирад, то имконияти сиҳҳиро дар марокизи сиҳҳӣ, бавижа дар шифхонаҳои Ковид-19 то поёни соли ҷорӣ ҳифз кунад.
Гриффитс инчунин дар як изҳорот гуфт, ки дар Афғонистон дору, таҷҳизоти тиббӣ ва сӯзишворӣ дар ҳоли тамом шудан аст ва кормандони соҳаи тиб маош намегиранд.
Вай ҳушдор дод, ки барҳам хӯрдани бахши тандурустии Афғонистон фалокатбор хоҳад буд ва дар сурати вуқуи ин фоҷеа мумкин аст, дастрасии мардум ба ниёзҳои аввалияи сиҳҳӣ қатъ шавад.
Руководитель Всемирной организации здравоохранения Тедрос Адханом Гебрейесус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Раҳбари СҶБ ба Афғонистон омад: "Толибон"* чӣ талаб мекунад?
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Созмони Милал дар канори мардуми Афғонистон аст ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо кумак хоҳад кард.
Охирин кумаки Созмони Милал дар ҳолест, ки раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт чанде пеш дар як паёми твиттериаш аз суқути низоми тандурустии Афғонистон ҳушдор дод.
Тедрус Адҳонум гуфта, ки бахши беҳдошти Афғонистон бо чолишҳои шадид, аз ҷумла камбуди таҷҳизот, дору ва пизишкон, буҷаи мавриди ниёз барои идомаи барномаи сиҳатмандӣ, пардохти маоши кормандони сиҳҳӣ ва фирори мағзҳо мувоҷеҳ асту дар сурати суқути низоми сиҳҳӣ афроди зиёде дар ин кишвар ҷонҳояшонро аз даст хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала