Манъи содироти тухм аз Суғд барои таъмини талаботи бозори дохилӣ

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаКадки с куриными яйцами
Кадки с куриными яйцами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон содироти тухми мурғ ба Ӯзбекистон муваққатан мамнуъ шудааст, то талаботи бозори дохилӣ пурра таъмин гардад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Раёсати амнияти озуқавории вилояти Суғд муваққатан содироти тухми мурғро масдуд кард, хабар дод "Sugdnews.com".
"Тибқи хулосаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, барои таъмини талаботи дохилӣ содироти тухм муваққатан мамнуъ шудааст",-тавзеҳ додаст раёсати ин ниҳод.
Таъкид шудааст, ки тайи ҳашт моҳи аввали соли 2021 корхонаи "Суғд Самарқанд парранда" ҳудуди 190,8 ҳазор тухми мурғро ба Ӯзбекистон содир кардааст.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори соли ҷорӣ, аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 5,5 миллион дона тухм ва ҳудуди 3,1 миллион чӯҷа ворид шудааст.
Открытие птицефабрики в городе Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Идомаи сафари корӣ: Раҳмон корхонаи “Суғд-саноат-паранда”-ро дар Бӯстон ифтитоҳ кард
Тибқи хулосаи мутахассисон, ҳамаи маҳсулоти воридшуда ба меъёрҳои санитарию ветеринарӣ ҷавобгӯй мебошанд.
Инчунин зикр шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои парранда ва баррасии масоили рушди ин соҳа ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор шудааст.
Дар Тоҷикистон барои рушди паррандапарварӣ сабукиҳои андозию гумрукӣ ироа шуда, ба иттилои мақомоти тоҷик, пойбандии бозори кишвар ба маҳсулоти воридотӣ дар ин бахш коҳиш дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0