Аз муқовимати Панҷшер то сафорат дар Душанбе – суҳбати Муҳаммад Зоҳир Ағбар

© Sputnik / Амир ИсаевПолномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар
Полномочный посол Исламской Республики Афганистан Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Обуна шудан
Оё кори сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон то куҷо қонунист? Ҳукумати табъидӣ ва Шӯрои муқовимати миллии Афғонистон кай арзи вуҷуд мекунанд? Ба ин ва дигар суолҳо Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон посух гуфт
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар дафтари кории сафири Афғонистон дар Душанбе ва ҳам толорҳои он акси Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон ҳамчун раҳбари ин кишвар овехта шудааст. Ин ба он маъност, ки ин сафорат Солеҳро раисҷумҳури Афғонистон меҳисобад ва аз ҳукумати “Толибон”* итоат намекунад.
Ҳамзамон бино ба хабарҳое, ки то ба ҳол расман аз сӯйи ин сафорат ва ҳам мароҷеи расмии Тоҷикистон таъйид нашудаанд, Амруллоҳ Солеҳ бо ҷамъе аз вазирону раисони ҳукуматҳои то “Толибон”* дар Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд ва интизор меравад, ҳамин рӯзҳо як ҳукумати дигарро эълон кунанд.
Дар робита ба ин таҳаввулот Sputnik Тоҷикистон бо Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон суҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, ки оё то куҷо кори сафораташ дар Тоҷикистонро қонунӣ меҳисобад?
Сафир: Ҳар низом бар асоси як Қонуни Асосӣ ва эътирофи ҷомеаи байнулмилалӣ бино мешавад. Ҳукуматеро, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият нашинохтааст, қонунӣ нест. Моддаҳои 60 – 67- и Қонуни Асосии Афғонистон ба сароҳат ҳукм мекунанд, ки дар сурати маризӣ, кушта шудан ё фирори раисҷумҳур масъулиятҳои ӯ ба зиммаи муовини аввали ӯ меафтад. Агар муовини аввал ба чунин сарнавиште гирифтор ояд, муовини дуввуми ӯ масъулиятҳои раисҷумҳурро ба зимма мегирад.
“Толибон”* омада, як бино ва заминро ишғол карданд, аммо Қонуни Асосии Афғонистонро нагирифтанд. Машруияти низом бо мо аст. Дуюм ин ки ҷомиаи байналмилалӣ дар Афғонистон 20 сол алайҳи “Толибон”* бо шиорҳои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҷангид. “Толибон”*-ро мардуми Афғонистон дар “рӯйхати сиёҳ”-и созмонҳои террористии СММ наандохт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ин корро кард. Агар инҳо террорист набуданд, чаро дар “рӯйхати сиёҳ” афтиданд?
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед
17 узви кобинаи ҳукумати “Толибон”* дар “рӯйхати сиёҳ”-анд, ҳатто собиқаи маҳбусии Гуантанаморо доранд. Агар инҳо террористанд, чӣ тур онҳоро ба расмият бишносанд? Оне, ки барои сараш Амрико қимат гузоштааст, вазир аст. Аз ин хотир ба расмият шинохтани “Толибон”* барои ҷаҳон гарон тамом мешавад.
Ҳоло воқеият ин аст, ки “Толибон”* арозӣ ва биноҳои маъмуриро ишғол кардаанд, аммо Қонуни Асосии Афғонистонро эътироф намекунанд. Байрақи мо дар саросари ҷаҳон дар эҳтизоз аст. Ман сафири барҳақ ва барҳоли Афғонистонам. Ман имрӯз сари аъзои парлумони Афғонистон садо кашидам, ки ҷамъ шаванд ва кобинаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро таҳти раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон эълон кунанд.

Ҳукумати табъидӣ

Sputnik: Оё барои эълони як ҳукумати дигар ё табъидӣ дар баробари ҳукумати “Толибон”* омодагӣ ҷараён дорад? Ин ҳукумат кай ва дар куҷо эълон мешавад?
Сафир: Ин муҳим нест, ки ин ҳукумат дар як нӯги кӯҳ ё қаламрави кишваре, ки ин иҷозаро барои мо медиҳад ё сарҳади Афғонистон эълон мешавад. Муҳим ин аст, ки танҳо ҳамин ҳукумат қонунӣ хоҳад буд. Замони эълонаш ҳам дур нест, ба ҳамин қарибӣ шоҳидаш хоҳед буд.
Бывший президент афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҳомид Карзай: Афғонистон хоки ман аст, паноҳанда намешавам
Sputnik: Мегӯянд, ки як қатор чеҳраҳои маъруфи Афғонистон, назири Амруллоҳ Солеҳ, ки аксашро пушти сар доред, Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, Бисмиллоҳхон, вазири дифоъ, Раҳматуллоҳ Набил, собиқ раиси Раёсати амният, Форуқ Вардак, собиқ вазири маориф ва теъдоде дигар дар Душанбе ба манзури таъсис як чунин ҳукумат таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҷамъ омадаанд...
Сафир: Ин мавзуъро аз ман зиёд мепурсанд. Ҳама вақт гуфтаам, ки онҳо дар Душанбе нестанд, дар Афғонистонанд.

Намояндагии сиёсӣ ё сафорат?

Sputnik: Чаро дар як овеза дар сафорати Шумо навишта шудааст “намояндагии сиёсии Афғонистон дар Тоҷикистон”, на “сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон”?
Сафир: Бале, ҳар сафорат намояндагии сиёсии Афғонистон аст. Тафовуте надорад. Аммо ҳолати имрӯз муҳимтар шудааст. Ҳоло танҳо сафорате, ки байрақи озодихоҳии Афғонистонро баланд медорад, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое ҳам, ки дар ин ҷо кор мекунанд, собиқаи тӯлонии ҷанг бо толибро доранд. “Толибон”*- ро хуб мешиносанд. Он касоне, ки аз Аврупо омада буданд, толибҳоро хуб намешинохтанд. Балки онҳо бар ин буданд, онҳое, ки дар Афғонистон ҷиҳоду муқовимат карданд, омили ҷанганд. Имрӯз боз ҳамон муҷоҳидини бараҳнапову гурусна алайҳи толиб истод шудаанд ва меҷанганд. Вале онҳоеро, ки то дирӯз даъвои раҳбариву садоратро доштанд, дар сафи муқовимат намебинед.
Биноан сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ифтихори инро дорад ва сабти таърих аст, ки аввалин бор акси як раисҷумҳури фирориро поин кард ва ба дунё нишон дод, ки ба ҳамчунин раҳбарони фирорӣ ҷо намедиҳем.

Хиёнати Ғанӣ

Sputnik: Оё Ғанӣ чунин тавонро дошт, ки артиши муҷаҳҳази 85-миллиард доллариро дар ихтиёри "Толибон"* гузорад, фикр намекунед, ки ин кори Ғанӣ нест ё бо дастури Амрико ин корро кардааст?
Сафир: “Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард”. Амрико силоҳро ба дасти афғонҳо дода буд, на амрикоиҳо. Урдӯро барои афғонҳо сохт, на барои амрикоиҳо. Чӣ бо нияти мусбат бошад, чӣ манфӣ. Ҳама чӣ – силоҳ, тайёра ба дасти мо ва фармондеҳон аз мо буданд, аммо раҳбар надоштанд. Агар раҳбар мебуд, кор ин тур намешуд.
Дар ин ҳеҷ шак нест, ки Ғанӣ дастнишонда буд, вале уқдаҳои қавмӣ, ҳатто қабилаии Ашраф Ғанӣ ба ҳадде буда, ки ӯ мехоҳад худро пас аз шикаст як қаҳрамони паштун муаррифӣ кунад, вале паштунҳои боиззати Афғонистон ҳамчунин як заими фирориро ҳаргиз як раҳбари худ намехонанд. Паштунҳое, ки бо Ашраф Ғанӣ ифтихор мекарданд, имрӯз лаънат мефиристанд.
Международный аэропорт в Афинах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Занони сиёсатмадори Афғонистон дар куҷо паноҳ бурдаанд
Амрикоӣ кай гуфта буд, ки ҷанг накун? Агар чунин ниятро дошт, як раҳбари миллӣ бояд ин иҷозаро намедод. Чаро генералҳои ботаҷрибаро бартараф кард? Чаро афроди ношоистаро овард? Чаро Ашраф Ғанӣ ба дунё ваъда супурд, ки ман то охир дифоъ мекунам, Амонуллоҳхон нестам, ки фирор кунам, аммо гурехт. Муқассири аслӣ пеши ман Ашраф Ғанӣ ва касонеанд, ки бо ӯ кор мекарданд.
Sputnik: Шумо бар инед, ки Амрико муқассир нест?
Сафир: Агар ҳам бошад, аммо вазифаи як раҳбар чӣ буд? Вазиру фармондеҳро ӯ гумошта буд. Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ буд. Агар ба дастури дигарон кор карда бошад, муртакиби як хиёнати таърихӣ шудааст.

Шӯрои муқовимат

Sputnik: Дар як суҳбати қаблиатон гуфта будед, ки ба наздикӣ як Шӯрои муқовимати миллӣ таъсис меёбад. Ҳоло кораш ба куҷо расидааст?
Сафир: Ҳеҷ кас шак надошта бошад, ки мардуми силаҳшӯри Панҷшер ҳеҷ фикри таслимиро надоранд. “Толибон”* бо нерӯҳояшон аз 33 вилоят ба ин дара рехтанд, аммо натавонистанд онро тасхир кунанд, то ин ки тайёраву нерӯҳои вижаи Покистон ба кумакашон наомад ва он ҳам бар як қисмати дара тасаллут пайдо карданд.
Панҷшер шаҳомат аз худ нишон доду истодагӣ кард ва нагузошт, ки Афғонистон ба пуррагӣ ишғол шавад. Ҷаноби Аҳмади Масъуд ҳанӯз якуним соли пеш ин масъаларо матраҳ карда буданд, ки муқовимати дуввум бояд шакл бигирад. Ин қобили тақдир аст. Ҳоло бародарони паштун, ҳазора, ӯзбек ва дигарон низ бо мо ҳастанд.
Официальный представитель движения Талибан Забихулла Муджахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
"Толибон"* аз таъйини аъзои нави ҳукуматашон аз Панҷшеру Сарипул хабар дод
Sputnik: Аммо оқои Ато Муҳаммади Нур, Муҳаммади Муҳаққиқ, Исмоилхон, маршал Дӯстум ва дигар чеҳраҳо аз ақвоми дигар куҷоянд? Оё Шумо бо онҳо ё онҳо бо Шумо тамос гирифтаанд?
Сафир: Бале, ҳамагӣ даъват шудаанд. Ман бовар дорам, ки Шӯрои муқовимат пештар ба вуҷуд меояд ва он кори бузургеро, ки бояд анҷом диҳад, анҷом медиҳад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0