Раҳмон дар СММ аз умдатарин мушкили ҷаҳон ва роҳҳалҳои он мегӯяд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял участие в онлайн заседании Генеральной Ассамблеи ООН
Эмомали Рахмон принял участие в онлайн заседании Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуна шудан
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 76 - уми Созмони Милали Муттаҳид бо роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умурии хориҷӣ иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар 76 - умин Маҷмаи умумии СММ аз тариқи онлайнӣ суханронӣ хоҳад кард, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, иҷлосияи 76 - уми Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21-уми сентябр таҳти роҳбарии президенти Малдив Абдулло Шоҳид ба кор шурӯъ кард.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат зимни суханронии худ аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон ва пайдо кардани роҳҳалҳои он ҳарф мезанад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Муколамаи сатҳи баланд оид ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Муҳриддин ба “Ғарб” мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дод
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин иҷлосия бо роҳбарии вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.
Ёдовар мешавем, ки кори иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои дабири кулли СММ, президенти иҷлосияи 76-уми МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз кард.
Лентаи хабарҳо
0