Аз Шуле то Навобод: Раҳмон дар ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари кориаш ба ноҳияи Рашт чандин иншооти дигарро дар минтақаҳои гуногуни ноҳия ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт дар деҳаи Шулеи ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-ро ба истифода дод.
Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.
Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро ба истифода дод.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Раҳмон дар Рашт бинои нави ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро барои низомиён ифтитоҳ кард
Раисҷумҳури кишвар ба ходимони давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хидмати софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуданд.
Гуфта шудааст, ки иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ иборат мебошад.
Қайд карда шудааст, ки манзилҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади дар ноҳияҳои дурдаст аз имкони мусоид барои зиндагӣ баҳравар намудани хизматчиёни давлатӣ сохта шудаанд.
Соҳибони манзилҳои истиқоматӣ кормандони сохторҳои гуногун дар ноҳияи Рашт мебошанд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро низ ифтитоҳ кард.
 Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Президент терминали Раштро, ки бародарон Сияровҳо сохтанд, ифтитоҳ кард
Иттилоъ дода шудааст, ки сохтмони он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур санги асоси бинои мазкурро ҳанӯз соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти Тоҷикистон гузошта буд.
Бунёди бино нави маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод бо маблағгузории Ҳукмати кишвар сохта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои пурраи вазифаҳои хидматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хидмат расонидан дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Бояд қайд кард, ки аҳолии шаҳраки Навобод 6000 нафарро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала