Вокуниши Созмони Миллал ба дархости “Толибон”* барои ҳузур дар Шӯрои амният

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкЗаседание СБ ООН, архивное фото.
Заседание СБ ООН, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Обуна шудан
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал муаррифии сафири ҷадид аз сӯйи “Толибон”* ба унвони намояндаи Афғонистон дар Шӯрои амниятро таъйид намуда мегӯяд, имкони суханронии вазири хориҷии “Толибон”* дар Маҷмаи умумии Созмони Милал бо тардид мувоҷеҳ аст
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Фарҳон Ҳақ, сухангӯи дабири кулли СММ гуфт, ки Кумитаи эътиборбахшии СММ, ки аз 9 узви доимӣ иборат аст, бояд тасмим бигирад, ки Афғонистонро кӣ дар Созмони Милал намояндагӣ мекунад, дипломате, ки аз ҷониби ҳукумати пешин таъин шудааст ё намояндаи “Толибон”*.
Қаблан хабар дода шуд, ки “Толибон”* Суҳайл Шоҳинро намояндаи худ дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ кардаанд ва дар номае ба Дабири кулли СММ дархост шудааст, ки вазири умури хориҷии “Толибон”* барои суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ иҷозат дода шавад.
Вазири умури хориҷии “Толибон”* Амирхон Муттақӣ ахиран ба дабири кулли СММ Антониу Гутерриш нома фиристод.
Посол России Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Небензя: Лағви таҳримҳои СММ алайҳи "Толибон"* ҳанӯз дар баррасӣ нест
Муттақӣ аз Гутерриш хоҳиш кардааст, ки дар ҷаласаи солонаи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад.
Сухангӯи дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ таъйид кард, ки аз сӯйи “Толибон”* нома фиристода шудааст. Ин иқдом боиси муноқиша бо Ғулом Исҳоқозай, намояндаи ҳукумати барканоршудаи Афғонистон дар Ню-Йорк шуд, ки моҳи гузашта аз ҷониби “Толибон”* барканор карда шуд.
Фарҳон Ҳақ гуфт, ки дархостҳо барои курсии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи эътиборбахшии нуҳнафарӣ фиристода шудаанд, ки ба он ИМА, Чин ва Русия шомиланд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки суханронии вазири умури хориҷии Толибон дар Маҷмаи умумии СММ то ҳол зери суол аст.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0