Се зан дар ғорати як мард айбдор мешаванд: ВУД мегӯяд, "Айфон-11"-ашро бо зӯрӣ гирифтанд

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз даст ба ғоратгарӣ задани се ҷавонзан дар шаҳри Душанбе хабар додааст
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Мақомоти милиса занони 20, 26 ва 33-сола, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир кардаанд.
Ба иттилои ВУД, занон дар он айбдор мешаванд, ки 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 11:20 аз рӯйи мизи корӣ дар коргоҳи "Хариду фӯруши хонаҳо", воқеъ дар шаҳри Душанбе 1 адад телефонро бо зӯрӣ гирифтаанд.
Одинокий ребенок на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Қатли писари сесола аз ҷониби падар дар Хуҷанд: Ӯ шубҳа кардаст, ки кӯдак фарзандаш аст
Мақомот афзуданд, телефоне, ки занон бо роҳи зӯроварӣ гирифтаанд, тамғаи "Айфон-11" буда, ба марди 42-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад.
Таъкид шудааст, ки зарари расонидашуда ба ҷабрдида 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Назари худи айбдоршавандаҳо дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала