Занони сиёсатмадори Афғонистон дар куҷо паноҳ бурдаанд

CC0 / Rakoon / Международный аэропорт в Афинах
Международный аэропорт в Афинах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Гурӯҳи занони сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла вакилони парлумон ба Афина рафта, барои сафар ба ИМА омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ҳафт вакили зани Афғонистон бо аҳли оилаашшон аз тариқи Тифлис ба Афина расидаанд, хабар дод Вазорати умури хориҷии Юнон.
Таъкид шудааст, ки ин занон аз Афғонистон бо мусоидати созмони ғайриҳукуматии "Zaka Khan", мақараш дар Ню-Йорк берун аз ин кишвар шудаанд.
Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Юнон омадааст, ки сафару будубоши вакилони афғонистонӣ дар ҳамкорию ҳамоҳангии вазоратҳои умури хориҷӣ ва муҳоҷирату паноҳандагӣ таъмин шуда истодааст.

"Ин ҷузъе аз масъулияти ҳукумат аст, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистон, муборизон барои арзишҳои бунёдӣ, озодии баёну андеша ва баробарии ҷинсиро бояд паноҳгоҳ диҳад",- омадааст дар иттилоия.

Тавзеҳ дода шудааст, ки вакилони собиқи афғонистонию аҳли байташон барои муҳлати кӯтоҳ дар қаламрави Юнон қарор хоҳанд дошту озими ИМА хоҳанд шуд.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Маскав мавзӯи мулоқот бо роҳбарони "Толибон"*-ро гуфт
Ҳукумати Афғонистонро "Толибон"* моҳи августи соли равон, пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки он ҷо аморати исломӣ ташкил мекунад. Ин гурӯҳ то имрӯз наздик ба 40 узви ҳукуматашро эълон кардааст, ки аксарашон паштун буда, таҳти таҳрими СММ қарор доранд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала