23 сентябр дар таърихи Тоҷикистону ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 23 сентября
День 23 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту сеюми сентябр дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 23-юми сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1986 Конгресси ИМА садбаргро ҳамчун гули миллии кишвар интихоб намуд.
© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРоза, архивное фото
Роза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Роза, архивное фото
Соли 1989 забони озарӣ дар Озарбойҷон забони давлатӣ эълон шуд.
Соли 1998 Шӯрои Амнияти СММ бо қабули як қарор Ҳукумати Югославияро ба қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Косово уҳдадор кард.
Соли 1894 аввалин иттифоқи касабаи Фаронса ташкил шуд.
Соли 2008 аввалин нусхаи низоми амалиётии "Android" рӯнамоӣ гардид.

Рӯзи 23-юми сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон муколама баргузор гардид.
Соли 2010 дар ИМА президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии иҷлосияи 65-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.
Соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гашт.
Соли 2015 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ" таъсис шуд.
Соли 2016 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии Стратегияи ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 23-юми сентябр

Иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
Иди миллии шикорчиён ва моҳигирони ИМА.
Дар Қирғизистон – Рӯзи забони давлатӣ.
Дар Япония – Рӯзи эътидоли шабу рӯзи тирамоҳ.

Рӯзи 23-юми сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1931 - Сарояндаи Халқии Тоҷикистон Аврод Бурҳонов.
Соли 1947 - иқтисодшинос Тоҳир Абдуллоев.
Соли 1954 - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев.
Соли 1957 - журналист Мардон Муҳаммад.
Соли 1959 - режиссери театр, Ходими халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов.
Соли 1960 - рӯзноманигор Мамадалӣ Бахтиёр.
Лентаи хабарҳо
0