Балҷувон соҳиби майдони нишону парчам шуд: Раҳмон чанд иншооти муҳим ифтитоҳ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон открыл государственный флаг в Горно-Матчинском районе
Эмомали Рахмон открыл государственный флаг в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ ва бо роҳбарону фаъолони минтақа дидору гутугӯ кард
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар маркази ноҳияи Балҷувон майдони аз парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ рӯнамоӣ кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, майдони парчам ва нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд шудааст.

“Президенти кишвар дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд”,-таъкид кардааст манбаъ.

Баландии пояи нишони давлатӣ 21,5 метр мебошад ва сутуни парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон 35 метрро дар бар мегирад.
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар дар Балҷувон варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок намуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Аз Рашт то Балҷувон: Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон рафт
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар заминаи рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа бунёд гардидааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи “Сайди Хосор”-ро ба истифода дод.
Иншооти мазкур бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Тарабхонаи “Сайди Хосор" бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Насимҷон Сатторов сохта шудааст.
Тарабхона дар соҳили дарёи Талхак, яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия ҷойгир буда, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.

“Ифтитоҳи тарабхонаи “Сайди Хосор” дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳияи Балҷувон, такмили низоми хидматрасонӣ ва дар ин асос барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ замина мегузорад”,-иттилоъ додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарону фаъолони ноҳияи Балҷувон мулоқот анҷом дод.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Раҳмон дар Рашт гуфт, кадом кадрҳо давлатро дар оянда соҳибӣ кардан метавонанд
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш қайд кардааст, ки сокинони ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои истиқболи сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба ин муносибат то имрӯз 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду навсозӣ кардаанд ва дар даҳҳо иншооти дигар бунёдкориву навсозӣ идома доранд.
“Аз ҷониби ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 780 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра дар ноҳия 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 248 миллион сомонӣ амалӣ карда шуда, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 5 лоиҳаи дигар идома дорад”,-гуфт сарвари давлат.
Вай афзуд, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2021-2025 роҳандозии 129 лоиҳа ба маблағи 334 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Эмомали Рахмон во время рабочей поездки в ГБАО. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ меравад: Ифтитоҳи беш аз 120 иншоот дар назар аст
Раисҷумҳур масъулини ноҳияро вазифадор кард, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар мавзеъҳои мусоид, истеҳсолу захира кардани маҳсулот ва таъмини бозор бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои дахлдор андешанд.
Ҳамзамон раисҷумҳур иттилоъ дод, ки дар ин минтақа сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ба маблағи 85 миллион сомонӣ оғоз гардида буд ва то имрӯз дар доираи ин лоиҳа 43 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала