Бебориш ва то 36 дараҷа гарм: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик барои 23 сентябр

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Гармиҳои тирамоҳӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Дар аксари минтақаҳо дамои ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм, аммо дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш пешгӯӣ мешавад ва дамо дар водиҳо шабона ба 10-15 ва рӯзона 27-32 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Водиҳои ин вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешаванд. Доманакӯҳҳо шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарманд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 30-35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм аст.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 11-13 ва рӯзона 32-34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала