Бонки миллӣ иҷозатномаи “Киви Бонк”-ро тамдид кард

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Киви Бонк”-и Русияро барои панҷ соли дигар тамдид кард
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тамдиди иҷозатномаи Киви Банк”-и Русия ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Манбаъ таъкид доштааст, ки бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи КИВИ БОНК (Ҷамъияти саҳомӣ) барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба КИВИ БОНК барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “CONTACT” ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо роҳи тамдид иҷозатнома дода шуд.
Банкомат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Интиқоли пул аз Русия ба сатҳи пасттарин нишондиҳандаҳои се соли охир расид
Гуфта шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур, Иҷозатномаи КИВИ БОНК (Ҷамъияти саҳомӣ) аз 30 августи соли 2018 беэътибор дониста шуд.
Ҳамчунин Раёсати Бонки миллӣ Идораи низоми пардохт вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти зерин сабти дахлдорро ворид намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала