Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи боло бурдани маоши кормандони Академияи илмҳо имзо шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки ба кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ҳисоби миёна дар 4 моҳи соли равон 5,4 млн сомонӣ ҷудо хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Фармони Президенти Тоыикистон дар “Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он” ба тасвиб расид.
Бино бар иттилои Назокат Одиназода, сардори шуъбаи идоракунии буҷети соҳаи тандурустӣ, варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон ин ицлом бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он сурат гирифтааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Тавзеҳи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон: Маош 28 дарсад зиёд мешавад
Вай афзуд, дар асоси фармони мазкур музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна ба андозаи 28 фоиз зиёд гардид.
Вай қайд кард, ки барои амалӣ намудани фармони Президенти Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ҳисоби миёна дар 4 моҳи соли равон 5,4 млн сомонӣ ва барои соли молиявӣ 16,2 млн сомонӣ ҷудо мегардад.
Назокат Одиназода қайд кард, ки фармони мазкур барои иҷрои банди 41 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 баён карда шудаанд, амалӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0