Фирор аз Афғонистон: Духтарони футболист ба кишвари Роналдо паноҳанда шуданд

© ФФТЖенская сборная Таджикистан и Афганистан
Женская сборная  Таджикистан  и Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Бозигарони ҷавони тими миллии занонаи Афғонистон ба Португалия рафтаанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Бисту шаш бозигари тими миллии духтаронаи Афғонистон ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Португалия паноҳ бурданд, хабар додааст dw.com
Ба иттилои манбаъ, духтарон дар натиҷаи талошҳои эътилофи байналмилалӣ тавонистанд Афғонистонро тарк кунанд ва шоми якшанбе вориди Португалия шуданд.
Гуфта мешавад, бозигарони тими миллии футболи духтарони то 16-солаи Афғонистон пеш аз тарки Афғонистон ҳафтаҳо дар як вазъи номушаххас ва изтироб қарор доштанд, ки акнун дар кишвари амне паноҳанда шуданд.
"Бозигарон интизори паёме буданд, ки ниҳоят субҳи якшанбе ба онҳо расид. Ба онҳо хабар доданд, ки як ҳавопаймои чартерӣ онҳо ва хонаводаҳояшонро аз Афғонистон берун мекунад. Онҳо ҳатто намедонистанд, ки ба кадом кишвар мераванд. Танҳо гуфта мешуд, ки автобусҳо дар роҳанд ва онҳоро ба фурудгоҳ мебарад",-афзуд манбаъ.
Пас аз он ки "Толибон"* Афғонистонро ишғол кард, ин кишвар барои занон, аз ҷумла варзишгарон хатарнок шуд.
Ёдовар мешавем, қаблан "Толибон"* гуфта буданд, ки ширкати занонро танҳо дар варзиши крикет роҳ медиҳанду халос.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала