Ҳабси мудирони маркази дилхушии "Лондон" ва "Парасту" дар Душанбе

В ночном клубе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Ду мудири тарабхона дар Душанбе барои вайрон кардани шароити фаъолият ҳабс шудаанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе мудирони тарабхонаҳои "Лондон" ва "Парасту" барои халалдор кардани оромии сокинони шаҳр боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Раёсати ВКД-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сарфи назар аз дастур (кори маконҳои фароғатӣ дар Душанбе то соати 23:00 иҷозат дода шудааст)-и фаъолият, ин тарабхонаҳо ҳатто пас аз нисфи шаб корашонро идома додаанд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ин масъулон шароити беҳдоштиро риоят накарда, дар нимашаб садои баланду гӯшхароши мусиқии тарабхонаҳо оромии сокинон ва тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардааст.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ҳабси маъмури тарабхонаи "Ҳамадонӣ" барои баддаҳонии мизоҷону халал ба оромии сокинон
Манбаъ мегӯяд, қаблан кормандони милитсия ба мудирони ин тарабхона дар ҷиҳати бартараф кардани ин мушкил ва танзими хадамоти онҳо огоҳиномаи хаттӣ дода буданд, аммо маъмурияти ин марказҳо бидуни бартараф кардани ин навоқис ба фаъолияти худ идома додаанд.
Дар робита ба ин мудирони ин маконҳои фароғатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, бо қарори додгоҳ онҳо барои чанд рӯз ҳабс шуданд.
Ҳамин тариқ мудири тарабхонаи "Лондон" Умеҷон Саидқулзода ба муддати 5 рӯз ва аз тарабхонаи "Парасту" Беҳрӯз Садриддинов ба муддати 7 рӯз ҳабс шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала