Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷузъиёти латукӯби сокинони Чоркӯҳ аз сӯйи қирғизҳо

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузаштан ба хазинаи аксВ районе села Чоркух. Архивное фото
В районе села Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Як гурӯҳ сокинони наздимарзии ноҳияи Ботканди Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараи Тоҷикистон хонандагони мактабро аввал сангборон ва сипас латукӯб кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба иттилои Камолиддин Собиров, мудири мактаби №64 – и деҳаи Сомониён, ҳодисаи мазкур 23 сентябр, тақрибан соати 11:00рух додааст.
Вай гуфт, хонандаҳои мактаб замони баргаштан ба хонаҳояшон мавриди сангпартоии қирғизҳо қарор гирифтаанд.

“Қирғизҳо чанд хонандаи синфҳои 10 ва 11 ро дар роҳ бо санг мезананду латукӯб мекунанд. Аз ин ҳол Ҷӯрабек Насриддинов сокини 31 солаи деҳаи Сомониён бохабар шуда ба ҳимояи хонандаҳо мебарояд, ки қирғизҳо ӯро латкӯб намуда ба хонааш даромада ҳамсар ва ду фарзандашро, ки якекӯдаки ҳанӯз ширхор ва дуюмин Эҳсонҷон хонандаи синфи 1 – ро мавриди зарбу лат қарор медиҳанд”, - иброз намуд Собиров.

Манобеъ аз Бемористони марказии шаҳри Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо Ҷӯрабек Насриддинов ва фарзанди ӯ зарбаи мағзӣ (сотрясение мозг) гирифтанд ва ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд.
Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудани се нафарро дар пайи ин ҳодисаро тасдиқ карданд, аммо аз ироаи маълумоти худдорӣ варзиданд.
Камолиддин Собиров, инчунин илова намуд, ки дар натиҷаи сангзании қирғизҳо ду хонандаи мактаби рақами 64, Ривоҷиддин Махкамов ва Шукрилло Орипов хонандаҳои синфҳои 10 ва 11 аз ноҳияи тахтапушт лат бардоштаанд.
Село Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳамлаи қирғизҳо ба хонандагони тоҷик дар Чоркӯҳ: Ду кӯдак дар беморхона бистарӣ шуд
Манбаъ илова намуд, ки онҳо ҳамроҳ бо масъулони ҷамоати Чоркӯҳ ва ҳукумати шаҳри Исфара, роҳбарони ҷамоати Оқсой ва раиси ноҳияи Бодканди Қирғистонро вобаста ба ин ҳодисаи рухдода огоҳ намудаанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё обтақсими "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Барои аксгирӣ бо сарбозон”: Ҷузъиёти ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала