Халабонҳои фирории афғон дар Тоҷикистон гуфтаанд, будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид"

© Управление пресс-службы и информации министерства обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксШтурмовики Су-25, архивное фото
Штурмовики Су-25, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Халабонҳои Афғонистон, ки беш аз як моҳи фирор дар Тоҷикистон қарор доранд, гуфтаанд, ки будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашид". Онҳо аз ИМА дархост кардаанд, ки онҳоро интиқол диҳад, аммо онҳо посухе дарёфт накардаанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳудуди 150 шаҳрванди Афғонистон дар осоишгоҳе берун аз Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд ва беш аз як моҳ интизори интиқол ба Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, хабар медиҳад Reuters.
Нашрия иддао дорад, ки хабарнигорон тавонистанд бо худи халабонҳо, хешовандони онҳо ва ашхоси расмӣ аз вазъашон суҳбат кардаанд. Ҳамаи ин одамон бо шарти ифшо нашудани номашон сухан гуфтаанд.
Халабонҳо 15 август бо 16 ҳавопаймо пас аз суқути Кобул ба Тоҷикистон фирор карданд.
Аэропорт Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Интиқоли халабонҳои афғон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шуд
Пас аз он ки низомиён аз кишвар фирор карда, ба Душанбе меоянд телефонҳои мобилии онҳо гирифтаву тамос бо хонаводаҳояшон маҳдуд карда мешавад.
Ба гуфтаи низомиёни афғон, ба онҳо гуфтаанд, ки ин кор ба хотири амният сурат гирифтааст. Ҳангоми гирифтани телефонҳо аз афғонҳо ба онҳо гуфтаанд, ки ин ба манфиати худи онҳост ва мефаҳмонад, ки "Толибон" * ҳангоми занг задан ба хона метавонанд сигнали онҳоро пайгирӣ кунанд.
Бо вуҷуди ин, баъзе сарбозони фирорӣ тавонистанд телефони мобилиро ба таври пинҳон ба даст оранд.
Гуфта мешавад, миёни хизматчиёни ҳарбии ин муассиса ду зани афғон ҳастанд, ки яке аз онҳо ҳомиладор аст.
Международный аэропорт в Афинах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Занони сиёсатмадори Афғонистон дар куҷо паноҳ бурдаанд
Халабонҳо гуфтанд, ки дар шароити роҳат нигаҳдорӣ мешаванд ва тарсе надоранд, ки онҳоро ба "Толибон"* баргардонанд. Аммо раванди тӯлонии интиқоли онҳоро ба изтироб меорад.
Шаҳрвандони Афғонистон аз он ҳарос доранд, ки хонаводаҳояшон аз саркӯби "Толибон"* азият мекашанд ва ё бинобар аз даст додани даромад пас аз тағйири ҳукумат дар Кобул пуле надоранд.
Ба навиштаи Reuters, ҳоло мақомоти расмии ИМА ба ҷамъоварии иттилооти биометрӣ шурӯъ кардаанд, ки ин аз кумакҳои қарибулвуқуъ шаҳодат медиҳад. Чунин корҳои шабеҳ дар Ӯзбекистон қабл аз интиқоли халабонҳо аз он ҷо сурат гирифта буд.
Мухаммад Зохири Агбар, посол Афганистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2021
Сафир теъдоди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистонро гуфт
Ходими калони Бунёди Карнеги Пол Стронски изҳор дошт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон метавонад аз нақши худ дар қабули шаҳрвандони Афғонистон ҳангоми ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар як кишвари ҳамсоя ифтихор кунад.
Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Амрико ва Тоҷикистон аз шарҳи вазъ дар бораи халабонҳои ба Тоҷикистон омада худдорӣ кардаанд.
* - ташкилоти террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала