Олими амрикоӣ Ҷорҷ Бушро ба қатли ироқиҳо муттаҳам ва боздошти ӯро талаб кард - видео

© AP / Charles DharapakПрезидент США Джордж Буш показывает записку государственному секретарю Кондолизе Райс на саммите ООН в Нью-Йорке. 2005 год
Президент США Джордж Буш показывает записку государственному секретарю Кондолизе Райс на саммите ООН в Нью-Йорке. 2005 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Ба боварии ин олим собиқ президенти ИМА, Ҷорҷ Буши хурдӣ дар қатли даҳҳо ҳазор амрикоиҳо низ даст дорад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Олими амрикоӣ Ҷеб Спрейг аз Донишгоҳи Калифорнияи Лос-Анҷелес суханронии президенти пешини ИМА Ҷорҷ Бушро халалдор кард ва талаби ба ҳабс гирифтани ӯро кард. Навори ҳодиса аз ҷониби Daily Sabah нашр шудааст.
Ин олим собиқ кишвардорро дар марги "як миллион ироқӣ ва даҳҳо ҳазор амрикоӣ" ва ҳамчунин ба истифодаи силоҳи фосфорӣ муттаҳам намуд.
Пас аз ин ҳодиса муҷрии барнома аз олими даъвогар барои чунин муомилаи дурушт бо собиқ Президент интиқод кард, вале Ҷорҷ Буш изҳор дошт, ки "дар ин кишвар ҳаргуна муошират бо роҳбари давлат қабул аст".
Бояд гуфт, ки Ҷорҷ Буш бори аввал ба чунин интиқоди дурушт рӯбарӯ нашуда, қаблан Майкл Приснер собиқадори ҷанг суханронии дигари собиқ раисҷумҳурро халабдор карда, ӯро дар тӯҳмат алайҳи мақомоти Ироқ бобати доштани силоҳи қатли омм айбдор кард.
Пожарный Нью-Йорка призывает больше спасателей пробираться под завалы Всемирного торгового центра в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Амрико ҷанги бузургро натиҷагирӣ мекунад: як миллион кушта ва триллионҳо дуздидашуда
Ҷанг дар Ироқ баҳори соли 2003 бо ҳуҷуми сарбозони амрикоӣ ва муттаҳидони онҳо барои сарнагун кардани режими Саддом Ҳусейн оғоз шуд.
Ин тасмим дар асоси изҳорот дар бораи аслиҳаи қатли ом дар кишвари Ироқ гирифта шуд, вале пасон ин маълумот тасдиқи худро наёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала