Қазияи Скрипал: Бритониё масмумкунандаи генерали маҷозиро эълон кард

© Sputnik / Алекс Макнотон / Гузариш ба медиабонкВ Солсбери приступили к очистке связанных с отравлением Скрипалей мест, архивное фото
В Солсбери приступили к очистке связанных с отравлением Скрипалей мест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Садои расонаҳо чунин аст: додситонии Бритониёи Кабир дастандаркори савуми қазияи масмумсозии Скрипалҳоро маҳкум кард. Ба ҳар ҳол аз ӯ фарде ба номи Сергей Фетодов ёд мешавад, аммо дар воқеъ шояд ӯ Федотов набошад.
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik, Виктория Никифорова. Хотиррасон менамоем, ки баҳору тобистони соли 2018 дар шаҳракҳои хурди Англия Солсбери ва Эймсбери чанд нафаре бо истифода аз маводи номаълуме масмум шуданд. Дар миёни онҳо ду шаҳрванди Русия ва чаҳор шаҳрванди Англия буд: як мақоми пулис, ду сокини Эймсбери ва як зан аз Солсбери. Тақрибан кулли онҳо шифо ёфтанд, аммо зане, ки аз Солсбери буд, даргузашт.
Ҳам Эймсбери ва ҳам Солсбери дар наздикии озмоишгоҳи биологии Портон-Даун қарор доранд. Дар он ҷо хатарноктарин маводи кимиёию биологӣ ҳифз мешавад. Барои мисол, олимони ин озмоишгоҳ бо заҳре мавсум ба ритсин сарукор доранд, ки чанде пеш кашф шуда.
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Ҷосуси Толибон* дар Бритониё боздошт шуд
Портон-Даун, мутаассифона, аз гузаронидани таҷрибаҳои худ боло одамон огаҳ аст. Билофосила пас аз ҷанг уламои англис бастаҳое аз заҳрҳо, силоҳҳои кимиёӣ ва биологиро аз Олмон оварданд ва онҳоро таҷриба карданд. Ба унвони мисол, онҳоро дар низомиёни худ имтиҳон карданд. Онҳоро дар селулҳои газдор гузоштанд ва рӯйи пӯсташон заҳрҳои марговар рехтанд. Дар зимни ин таҷоруб онҳо қисман нерӯи босира, сомеаро аз даст доданд ва дардҳои шадиду рагкашӣ (судорог)-ро мутаҳаммил шуданд.
Дар соли 1953 болои дасти халабон Роналд Мэддисон омили асабӣ рехтанд. Ин ҷавон даргузашт. Фавти ӯро додгоҳ марги тасодуфӣ эълон кард. Тафсилоти чунин як ҳаводисро муаррихи бритониёи Роб Ивенс дар китобе ба унвони “Масмумкунӣ бо газ: озмоиши низомӣ-кимиёӣ болои мардум дар Порт-Даун” навиштааст.
Дар чунин як таҷрибаҳои низомии бритониёӣ ҳазорон нафар маҷбур буданд, ширкат кунанд. Ин озмоишҳои шигифтангез ёдовари таҷрибаҳои доктор Менгеле то соли 1989 мебошанд.
Дар солҳои 1960 Вазорати дифои Бритониё бо истифода аз силоҳҳои биологӣ дар гузаргоҳи зеризаминие дар Лондон ҳамлаи шабеҳсозишудаеро роҳандозӣ кард. Испораҳои безараргаштаи бимории сиёҳзахм (сӯхтанӣ) бо хокаи талк омехташударо аз тариқи ҳавокашҳои метро дар истгоҳҳо паҳн карданд. Албатта, лондониҳо дар ҷараён гузошта нашуданд.
Вид на украинскую газовую станцию Воловец на западе Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2021
Аврупо Русияро ба "содироти сардӣ" муттаҳам мекунад
Маъмулан дар ин кишвар танишҳои хатарзое сурат мегирифтанд. Дар соли 1978 алайҳи мухолифи булғорӣ Георги Макаров дар маркази Лондон аз ритсин истифода шуд. Дар соли 2002 аз кадом террористе дар Лондон аҷзои синтези соринро пайдо карданд. Дар соли 2006 дар Пиккадили изи полоний пайдо шуд, ки англисҳо аз он “қазияи Литвиненко”-ро сохтанд.
Дар соли 2018 дар миёни касоне, ки дар Солсбери масмум шуданд, ҷосуси гурезаи шӯравӣ Сергей Скирпал ва духтараш Юля низ буданд. Мошини таблиғотии Бритониё ин афкорро дар мағзи мардум ҷой кардан мехост, ки русҳо талош мекарданд, Скрипалро ба қатл расонанд. Скрипали бузург замоне хиёнат карда будааст ва эҳтимол духтарашро низ шояд ба ҳамон хотир ҳадаф қарор додаанд. Ҳамин гуна “қазияи Скрипалҳо” шуруъ шуд.
Таваҷҷуҳ ба ин ҳама носозгориҳо маънии ба осёби офарандагони он об рехтанро дорад. Ҳар қадаре ки чунин ҳаводисро такзиб кунем, ҳамон қадар ба онҳо маънӣ мебахшем. Беҳтар аст, бубинем, ки ин достон аз лиҳози сохторӣ чӣ қадар шабеҳи як таҳрики англисии дигар аст.
Филми фаронсавие буд бо унвони “Тазриқ аз тариқи чатр”. Он аз таърихи шигифтангезе қисса мекунад, ки хадамоти махсуси бритониёӣ атрофи марги Макаров эҷод карда буд. Дар соли 1978 фарзияе матраҳ шуд, ки мақоми амниятие аз Булғор алайҳи ӯ дар пули Ватерлоо камин гирифта буд ва дар рӯзи рӯшан ӯро бо чатре тазриқ кард, ки олуда бо ритсин буд. Бинобар ин новобаста аз талошҳои пизишкони бритониёӣ Макаров даргузашт.
Ҳар талоше, ки мақомоти махсуси Англия ва Скотленд-Ярд анҷом доданд, ҳич далеле, ки ин фарзияро таъйид намояд, пайдо накарданд. Дар соли 2013 парвандаи марги Макаров бинобар адами далоили кофӣ қатъ шуд.
Аммо ҳанӯз фарзияи нодурусте дар интернет қобили дарёфт аст ва санги нӯгтези таблиғ алайҳи хадамоти махсуси булғорӣ ва шӯравӣ шудааст, ки гӯё дар ин кор КГБ-и ИҶШС ҳамтоёни булғорашро кумак карда бошад.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Силоҳи махфии Русия ба Иёлоти Муттаҳида дар маркази Аврупо зарба зад
Ҳудуди 20 сол назари англисӣ дар робита ба марги Макаров аз тарафи рӯзноманигори муҳаққиқи булғорӣ Христо Христов матраҳ мешуд. Ӯ китобҳои нав иншо кард, боз кардани бойгонии КГБ-ро талаб намуд ва бо коммунизми мурдаи Булғория мубориза бурд. Дар соли 2013 ошкор шуд, ки ин мавзуъ фишурдаву хушк аст. Бинобар ин китобҳои ҷадиди ӯро касе нахонд ва Макаров кӣ буд, фаромӯш шуд.
Аммо дар ин зимн ҷойи Христо Христов, “рӯзноманигори мустақил”-ро мақомоти хадамоти махсуси Англия ба Христо Грозев доданд. Ӯ бо истифода аз тамоми абзорҳои балоғии салафи худ дар ҷасорати тахайюлӣ аз ӯ пешӣ гирифт. Грозев дарк кард, ки танҳо бо матраҳ кардани мавзуъҳои нав метавон мавқеи худро дар ҷомеа ҳифз кард.
Бо истифода аз “Bellingcat” (абзори заҳкашӣ), тавре Мария Захарова гуфтааст, Грозев дурӯғпароканиро тасреъ кард.
Аввал онҳо Петров ва Баширов буданд, яъне дар асл Чепига ва Мишкин. Онҳо гӯё аз ИКД (ГРУ) буданд. Онҳо Скрипалро масмум карданд. Аммо то ин анбори Чехсловакияро тарконданд. Дар шаҳрҳои Балкан гӯё мегаштанд. Каси дигареро низ гӯё дар Булғор масмум кардаанд. Дар аввал дар тӯйе будаанду он ҷо бо генерале акс гирифтаанд. Чаро бо генерал, на бо сарҳанг?
Женщины в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2021
Фирори низомиёни Бритониё аз Кобул бо либоси занонаву чодар
Дар воқеъ қазияи Скрипал суолҳоеро барои Англия халқ мекунад, на барои Русия. Ба назар мерасад, ки гӯё дар аввал падару духтар қурбонии озмоише аз тарафи мутахассисони Портон-Даун, сипас онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки дар он ҷо бо онҳо чӣ кор карданд, мушаххас нест ва ниҳоят куллан ғайб заданд.
Шаҳрванди Русия Юлия Скрипал як маротиба дар назди камераҳо пайдо шуд ва ба назар мерасид, ки дар ҳарос аст. Шаҳрванди Русия ва Бритониё Сергей Скрипал аз моҳи марти соли 2018 инҷониб дар миёни ҷомеа дида намешавад. Ба онҳо чӣ шуд? Оё онҳо дуздида шудаанд? Оё онҳо зиндаанд?
Бо мақсади пӯшонидани ҷиноятҳои худ ё иштибоҳҳои ҷиноӣ, роҳбарияти ин кишвар амр дод, то алайҳи Русия маъракаи дезинформатсионӣ гузаронанд ва бо суръати баланд ба нобуд кардани далелҳо шуруъ кунанд. Хонаи Скрипалро хишт аз хишт ҷудо карда, ҳатто боми онро иваз кардаанд. Бо сабабҳои номаълум гурбаи ҷосус кушта шуд.
Ҳукумати Бритониё то ҳол ягон далел пешниҳод накардааст, пешниҳодҳои сершумори мақомоти Русияро дар робита ба гузаронидани экспертиза рад кардааст, ба дипломатҳои рус иҷоза надодааст, ки бо Скрипалҳо мулоқот кунанд, дар маҷмуъ тамоми меъёрҳои таҳқиқоти байналмилалиро, ки аз тарафи ҷомеаи мутамаддин қабул шудаанд, вайрон кардааст.
Вақти он расидааст, ки Ҳукумати Бритониё барои қазияи Скрипал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоб диҳад. Ва таври ба алоҳида, албатта, барои гурба низ.
Лентаи хабарҳо
0