Рустами Эмомалӣ дар Қазоқистон аз мушкилоти Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир гуфт

© ФФТРустам Эмомали президент ФФТ
Рустам Эмомали президент ФФТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон зикр намуданд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогир таъсис ёбад
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Қазоқистон музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлими миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони он кишвар доир гардид.
Котиботи Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ нахуст ба роҳбари Сенати Парлумони Қазоқистон, маулен Ашимбаев барои даъват кардани ӯ изҳори сипос намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон муҳокима карда шуд.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Ҷузъиёти сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон маълум шуд
Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон қабл аз ҳама таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.
Манбаъ меафзояд, дар фарҷоми мулоқот ҳайатҳои ду кишвар баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии тоҷикистон ва Сенати Парлумони Қазоқистон баргузор гардид.
Рустами Эмомалӣ, роҳбари Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба Тоҷикистон даъват намуд ва таклифи ҷониби Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала