"Апа, ман мемурам!": Сарвиноз аз охирин ҳарфҳои бародар ва бадгӯиҳои мардум гуфт - видео

© Youtube / ORZUСарвиноз Юсуфи - певица
Сарвиноз Юсуфи - певица - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Сарвиноз мегӯяд, аксар корбарон зиндагию вазъи хонаводагии ӯро намефаҳманд ва дар ҳаққаш ҳар гуна сухану дуоҳои бад мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Сарвиноз Юсуфӣ, сарояндаи шинохтаи тоҷик ахиран дар барномаи "Ногуфтаҳо"-и рӯзноманигор Орзу Исоев аз андӯҳи бузурге, ки сари ӯву хонаводааш омад, бо аламу ашкрезии зиёд қисса кард.
Ин сароянда нахуст модаррашро аз даст дод ва бо гузашти ҳамагӣ 5 моҳ аз фавти ӯ бародари 38-солаи ӯ низ реҳлат кард.
Сарвиноз дар ин барнома рӯзҳои ахири зиндагии модару бародарашро ба ёд оварда мегӯяд, "ҳар ду гӯё аз наздик омадани марги худ хабардор буданд".
Модари марҳуми Сарвиноз ҳамроҳи худаш дар пойтахт зиндагӣ мекард, вале дақиқан 8 рӯз пеш аз фавташ хоҳиши ба Ваҳдат баргаштанро намуд. Ӯ ҳарчанд вақти савор шудан ба мошин солим буд, ҳини расидан ба шаҳри Ваҳдат дигар мустақилона аз мошин фаромада натавонист ва бо ҳамин рӯзҳои охири ҳаёташро дар бистари беморӣ сипарӣ кард.
Сарвиноз мегӯяд, пас аз марги модараш ӯ барои "каме ба худ омадан" ба Русия сафар кард, вале вақте баргашт, додари ҷавони ӯ мариз шуда, бо гузашти чанд вақт ӯ ҳам ҷонро ба Ҷонофарин таслим кард.
Сароянда ба ёд овард, ки бародараш пеш аз ба бемористон рафтан бо нигоҳи дардолуд ба ӯ хитоб кард, ки "апа, ман мемурам!". Сарвиноз мегӯяд, ки ҳарфҳои вопасини бародарашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Дар идома Сарвиноз ба нафроне, ки ӯро пайваста дастгиру дилҷӯ буданд, изҳори миннатдорӣ намуда, бо алам изҳор дошт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксари корбарон бо вуҷуди ин ҳама мусибатҳо нисбаташ бадгӯӣ мекунанд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2021
Нолаи ҷонкоҳи Сарвиноз Юсуфӣ дар сӯги додараш: "ту медонистӣ, ки маргат наздик аст"
Аз ҷумла бисёриҳо ба ӯ менависанд, ки "саҳнаро тарк кун, овозхонии худат хонаводаатро мусибатзада мекунад".
Аммо худи сароянда мегӯяд, ки на ҳама вазъи хонавода ва шароити ӯро мефаҳманд. Зеро маҳз ӯ хонаводаи худ ва аксари пайвандонашро таъмин мекунад.
Ҳоло ки Сарвиноз дар робита ба мусибаҳои пай дар пай бидуни кор мондааст, мегӯяд, захираҳое, ки қаблан дошт, аз ҳисоби онҳо рӯзгорашро мебарад. Ҳамзамон ӯ аз бевафоии аксар дӯстонаш гуфт, ки пас аз шикасташ ӯро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала