Таъмир дар роҳи Душанбе: ҳаракати нақлиёт чӣ гуна сурат мегирад

Дар Душанбе барои як муддати номаълум ҳаракати нақлиёт дар роҳи кӯчаи Фирдавсӣ масдуд мешавад
Аз 22 сентябр роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, аз буриши кӯчаи Неъмат Қарабоев то буриши кӯчаи М. Қосимов ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ мешавад.
Сабаби масдуд шудани роҳ оғози корҳои таъмирӣ гуфта мешавад.
Ҳамчунин ба нақшаи хатти ҳаракати автобусҳои мусофирбари №2, 18, 81, инчунин хатти микроавтобусҳои мусофирбари №30, 42, 54, 57, 81 ва 88 тағйирот ворид шуда, то ба истифода додани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ фаъолияти онҳо тавассути кӯчаҳои Н.Қарабоев, Ҷанубӣ, Қосимов ва хиёбони А.Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.
Феълан маълум нест, ки ин масир кай дубора фаъол мешавад
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала