Тоҷикистон бо як кишвари дигар равобити дипломатӣ барқарор кард

© МИД Таджикистана Глава МИД Таджикистана Сироджиддином Мухриддином и глава МИД Мавритании Исмаил Шейх Ахмед.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддином Мухриддином и глава МИД Мавритании Исмаил Шейх Ахмед. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Мавритания дар ҳошияи иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Мавритания муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар ҳошияи иҷлосияи 76 -уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк маросими имзои Изҳороти муштарак оид ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар баргузор шуд.
Баёнияи муштаракро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо карданд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Дархости Муҳриддин аз роҳбари Салиби Сурх: Ба Панҷшер зудтар кӯмак расонед
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0