“Толибон”-и ҳоким дар Афғонистон: Ин барои Тоҷикистон чӣ хатар дорад

© REUTERS \ STRINGERБоевики террористического движения "Талибан"
Боевики террористического движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
“Толибон”* тааҳҳуди худро нақз мекунад, бар назорати кулли ҳокимият дар Афғонистон муваффақ нашуд, шароити фаъолияти баъзе аз гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, тасвеаи онҳо ба кишварҳои СПАД ва СҲШ-ро фароҳам мекунад.
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. маҷбуранд, барои муқобила бо ин “тарҳи иморат” дар наздикии марзҳои худ бо Афғонистон размоиши низомии муштарак баргузор кунанд.
Ҳаракати низомӣ-динии “Толибон”* на танҳо таҳдиде барои Афғонистон аст, балки минтақаро ҳам таҳдид мекунад. Қаблан дар муқобила бо низомиёни хориҷии муҳоҷим (ИМА ва НАТО) толибон куштори ҳамватанҳои худ – нерӯҳои пизомӣ ва пулисро таҷриба карданд. Имрӯз дигарандешони афғон, нафарҳое, ки қавонини “иморат”-ро нақз мекунанд, хориҷиҳое, ки зинда мондаанд, душманони ин ҳаракатанд. Новобаста аз муҳосираи Ҷабҳаи муқовимат аз тарафи “Толибон”* набард дар дараи Панҷшер идома дорад.
На заседании Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Олмон мухолифи ширкати "Толибон"* дар Маҷмаи умумии СММ шуд
Ҳукумати ҷадиди толибӣ-паштуӣ, ки ҳамашумул нест, танҳо аз ҳудуди як савуми ҷомеаи чиҳилмиллионии Афғонистон намояндагӣ менамояд. Ихроҷи сокинони манозили манотиқи шаҳрие, ки қаблан барои ходимони ҳукумат ва низомиён пешбинӣ шуда буданд, ба назар мерасад.
“Толибон”*-е, ки ҳукуматашон аз ҷониби ҳич касе эътироф нашудааст, тасмими бозбонии Қонуни Асосиро гирифтааст ва аллакай намояндаи худ дар СММ-ро таъйин карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пул, кумаки ғизоӣ ва соири кумакҳои модлиро тақозо дорад. Дар СММ гуфта мешавад, ки “Толибон” тааҳҳуди худро нақз кардааст.

Пешбинии ҷанги ҷадид

Мусалламан барои дарёфти кумаки молии Ғарб бештаре аз кишварҳои “мустақил”-ро зарур мешавад, то ба гӯшфародиҳии дархостҳо ва режаи “демократӣ”-и ҳамҷинсгароён одат кунанд, ҳамон тавре ки барои мисол, дар Киеву Тбилисӣ буд. Мешавад дар Кобул низ аз чунин тарҳе кор гирифт? Суол риторикӣ аст.
Пайдост, ки ҷараёни евро ва доллар барои “Толибон”* ба муддати тӯлонӣ хушк шудааст ва “Толибон”* ба тавсеаи равобити худ бо Русия, Чин ва Покистон манфиатдор аст. Ҳамзамон “Толибон”* Қонуни Рӯзи истиқлол аз русҳо, бритониёиҳо ва амрикоиҳоро нашр кард. Ин қонун ӯзбекҳо дар Афғонистонро сарфи назар кард, ки теъдоди онҳо дар ин кишвар ба ҳудуди 1,5 миллион нафар мерасад, яъне забони ӯзбекӣ дигар дар Афғонистон забони расмӣ нест. Ҳол он ки ба назар мерасад, Ӯзбекистон ба “Толибон”* садоқат дорад. Таҳқири беҳраҳмонаи “Толибон”* дар нисбати ифтихори миллии узбакҳо назари машҳури Уистон Черчил дар ҷиҳати интихоби душворро ба ёд меорад: Ӯзбекистон дар миёни интихоби “ҷанг ва шармандагӣ” қарор мегирад.
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Русия метавонад дар музокироти миёни "Толибон"* ва Ҷабҳаи муқовимат ширкат кунад
Дар ҳамин ҳол толибон* дар қудрат мавриди ҳадафи “инқилобиён”, ҷангиёни ДОИШ* қарор мегиранд, ки тайи рӯзҳои гузашта дар се шаҳри бузурги Афғонистон ва имрӯз дар Ҷалолобод инфиҷорҳоеро пиёда кард. Муборизаи муҷоҳидони рақиб ба назар мерасад, беохир аст. Силоҳҳои амрикоӣ барои ин бештар аз ҳадди кофӣ аст. Террористон 23 ҳавопаймо ва 108 болгард, ҳашт паҳпод, 175 силоҳи тӯпхонаӣ, ҳудуди ду ҳазор мошини зиреҳӣ, бештар аз ним миллион силоҳу муҳимот дар ихтиёр доранд. Дар маҷмуъ мушаххас аст, ки тақдири ин зародхона чӣ мешавад.
Шароити низомӣ-сиёсии ин кишвар мураккаб аст. “Толибон”* рӯйрост вуҷуди идеологияи наздик ба “ал-Қоида”* дар Афғонистонро такзиб мекунад. Қаблан мудири пешини РҶМ Майкл Морел гуфта буд, ки раҳбари ин гурӯҳи террористӣ Айман Аз-Завоҳирӣ дар Афғонистон ба сар мебарад ва аз ҳимояти “Толибон”* бархӯрдор аст. Гузашта аз ин “Daily Mail”-и англисӣ дар бораи бозгашти Амин Ул-Ҳақ, аз нафарони наздики Усома бин Лодан, раҳбари пешини “ал-Қоида”* ба зодгоҳи худ, вилояти Нангарҳор хабар медиҳад. Равобити таърихии наздики “Толибон”* бо “ал-Қоида”* чизи хуберо барои мардуми Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ҳамчунин ИМА ва ҳампаймононаш ваъда намедиҳад.

Дарвозаҳои баста

Дар миёни ҳама мушкилот ва бадбахтиҳо ҷамъияти Афғонистон талош мекунад, ки ё бо виза ё бидуни он аз ин кишвар гурезад. Бештаре аз кишварҳо ба далели ин ки дар миёни паноҳандаҳои афғонистонӣ метавонад гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ бошад, аз пазируфтани онҳо даст кашиданд. Бидуни ин ҳам ғояи толибонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шимол дар ҳоли густариш аст.
Ҳамин тариқ дар Екатеринбург чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз Русия боздошт шуданд, ки бо пазируфтани ғояи толибонӣ амалҳои террористӣ анҷом медодаанд ва аллакай дастгоҳи секилоии инфиҷорӣ ҳам сохта будаанд. Мутоқиби қавонини Русия, аъзои гурӯҳҳои террористиро муҳлати тӯлонии зиндон мунтазир аст. Ва албатта, ин қатрае аз баҳр дар бораи ин мушкили ҷаҳонӣ аст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
Ҳушдори роҳбари Ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз хатари паҳншавии идеологияи "Толибон"*
Мушкили “тарҳ”-и терроризм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия талош мешавад, то аз тариқи қудрати дохилӣ ҳал шавад, яъне бидуни ин ки муҳоҷирати бебандубори афғонистониҳо иҷозат дода шавад, барои ин мардум кумаки башардӯстона сурат мегирад.
Аллакай Тоҷикистон, тавре дар моҳи июл эълон карда буд, дигар дар бораи омодагии худ дар ҷиҳати пазириши то 100 ҳазор паноҳанда изҳори омодагӣ намекунад. Ӯзбекистон қарори усулии худро тағйир намедиҳад – паноҳандаҳоро намепазирад ва халабонҳои афғонистониро ба Ғарб мефиристад.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев 16 сентябр аз мавқеи СПАД дар ҷиҳати напазируфтани муҳоҷирони афғонистонӣ дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ кард. Раисҷумҳур Содир Ҷабборов пешниҳод кард, то дар мантақа камарбандӣ амниятӣ эҷод ва раванди муҳоҷират шадидан контрол шавад. Туркманистон ҳанӯз дар соли 2020 дар робита ба масдуд кардани раванди муҳоҷирати афғонистониҳо ба хоки ин кишвар бо “Толибон”* музокирот анҷом дода буд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан изҳор карда буд, ки зидди ҷойгир кардани шаҳрвандони Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти визаҳои ИМА ва кишварҳои аврупоӣ аст. Феълан Маскав мавқеи нозириро интихоб карда, барои таъмини амнияти ҳампаймонҳои минтақаии худ бо “Толибон” дар робита аст ва талош мекунад, ба ҷанги бузурге иҷозат надиҳаду қисмати қобили мулоҳизае аз силоҳҳои муосир ва васоили ҷангиро ба Тоҷикистон интиқол додааст. Қаблан Sputnik дар робита ба размоишҳои СПАД ва СҲШ хабар дода буд. Кишварҳои минтақа омодагии рӯёрӯӣ бо ҳама гуна шаклгирии вазъро доранд.
* – гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия.
Ба канали шореҳи низомӣ Александ Хроленки дар “Telegram” бипайвандед: https://t.me/AKhrolenko
Лентаи хабарҳо
0