Вазъияти феълии Афғонистон аз забони Муҳаммад Муҳаққиқ - видео

© Sputnik / T.AZIMБывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик
Бывший советник президента Афганистана Мухаммад Мухакик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Обуна шудан
Мушовири сиёсии раисҷумҳури фирории Афғонистон гуфт, ки риволи ҳукуматдорӣ “Толибон”*, ки онҳо иддао мекунанд то ҳанӯз ба дуруст пеш нарафта
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби Ваҳдати мардуми Афғонистон дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон дар бораи вазъи кунунии Афғонистон гуфт: "вазъият номатлуб аст ва ба назари ман онҷо, ки таҳрики “Толибон”* тассалут пайдо карда риволи ҳукуматдори, ки онҳо иддао мекунанд то ҳанӯз ба дуруст пеш нарафта ва интиқомгирӣ, душманӣ ва фишорҳо сари ақшор мухталифи мардум созмон ёфта ва ҳисобшудата давом дорад ва мо вазъияти матлубиро дар Афғонистон намебинем”.
Оқои Муҳаққиқ кобинаи Толибонро якҷониба хонд ва гуфт: "Азбаски Афғонистон бисёрмиллат аст ва барои озодии Афғонистон бар зидди кишварҳои хориҷӣ, ҳама якҷоя мубориза бурданд ва ҳамаи қавмҳо дар Қонуни асосӣ эътироф шуданд, аммо ҳоло ҳукумати яктарафа ташкил шудааст".
Вай гуфт: “Мо умедвор будем, ки тибқи изҳорот дар ҷараёни мулоқотҳои байни афғонӣ, ҳукумате таъсис дода мешавад, ки дар он намояндагони ҳамаи қавмҳо ҳузур дошта бошшанд".
Ҳамзамон, мушовири сиёсии президенти фирории Афғонистон гуфт, ки умеди ҳукумати фарогир вуҷуд дорад: "Толибон то ҳанӯз кадом рӯи хуше ба ин масъала нишон надодаанд. Дар авохир бари баъзе аз ақвом вазорат дода шуда, аммо фикр мекунам, ки ба таносуби ҳузурашон мавриди қаноат мардум набошад. Вале мо тарафдори як мушорикати маъқул ва одилона ба ҳузури маънидор ҳамаҷиҳатҳои мардуми Афғонистон ҳастем".
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0