Бонки миллӣ ба ширкати “Спитамен Суғурта” ва ташкилоти суғуртавии “Муин” иҷозатнома дод

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ду шикати суғуртавӣ ташкилоти суғуртавии “Муин” ва “Спитамен Суғурта” барои 5 соли оянда иҷозатномаи фаъолият дод
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” барои амалӣ намудани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Иттилоъ дода шудааст, ки иҷозатномаро барои фаъолияти азнавсуғуртакунӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба мудири ҶДММ ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамен Суғурта” Раҳмонов Бузургҷамил супорид.
Раиси БМТ зимни супоридани иҷозатнома изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ин созмон аз аввалин ташкилотҳоест, ки барои анҷом додани фаъолияти азнавсуғуртакунӣ иҷозатнома гирифт ва ин амал иқдоми пурмасъулияту назаррас барои рушди бозори суғуртаи кишвар хоҳад буд.
Манбаъ қайд кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Киви Бонк”-ро тамдид кард
Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, ахиран бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ширкати ташкилоти суғуртавии “Муин”, дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти суғуртавии “Муин” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатномаи ҷадид тақдим шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, иҷозатномаи ширкати ташкилоти суғуртавии “Муин”, ки бо қарори комиссияи Вазорати молияи Тоҷикистон барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала