Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Вақт кам монд, ҳузури худро расмӣ кунед, то ихроҷ нашавед

© Sputnik / Кирилл КаллиниковРабочие на стройке
Рабочие на стройке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хост ҳузурашонро дар қаламрави ин кишвар қонунӣ кунанд, то аз макони кору зиндагиашо хориҷ нашаванд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бори дигар ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки муҳлати расмикунонӣ то 30 сентябри соли равон идома меёбад

“Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонем, ки расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат дар кишвари будубош ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дорад”, - қайд кардааст манбаъ

Манбаъ қайд намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, то 30 сентябри соли равон метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубора ба мақомоти марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд.
Сдача мигрантами экзамена по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2021
Қоидаҳои нав: аз 1 август дар Русия барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад
“Ҳамзамон, дар доираи фармони мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд”, - таъкид доштааст намояндагии вазорати меҳнат.
Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони президенти Русия “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)”, муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.
Пас аз 30 сентябри соли 2021 шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд, аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0