Тоҷикистон: Ҳушдори ҳавошиносон дар бораи тӯфони чангу ғубор ва селҳои пиряхӣ

© Фото : Мунаввара РахмоноваПесчаная буря в Душанбе
Песчаная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Ҳавошиносони тоҷик сокинони кишварро дар бораи сел ва тӯфони чангу ғубор ҳушдор додаанд
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Рӯзҳои 26-28 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22м/с дар назар аст, хабар додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 27-29 сентябр дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои 28-29 сентябр дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани тӯфони чангу ғубор аз эҳтимол дур нест.

"Рӯзҳои 25-28 сентябр дар ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад", - афзуд манбаъ.

Обуҳавошиносон гуфтаанд, ки рӯзҳои 27 - 28 сентябр дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дустӣ, бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Гуфта мешавад, боду ҳаво дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, вилояти Суғд: Истаравшан, Спитамен, Хуҷанд, Конибодом ва Масчоҳ низ чунин хоҳад буд.
Ҳавосанҷон ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.
Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд, зеро вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала