Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

“Касе намепурсад”: пилотҳои Афғонистон дар Тоҷикистон дармондаанд

© Управление пресс-службы и информации министерства обороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксШтурмовики Су-25, архивное фото
Штурмовики Су-25, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Халабонҳое, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардаанд, ҳанӯз ҳам дар бесарнавиштӣ ба сар мебаранд. Манобеъ мегӯянд, онҳо мушкили асноду дигар расмиёт доранд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Аксари ин халабонҳо 15 августи соли равон дар пайи суқути шаҳри Кобул ба дасти “Толибон”* бо 16 ҳавопаймои ҷангиву мулкӣ ба Тоҷикистон фирор карда буданд.
Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пилотҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, бидуни виза ва дигар аснод мебошанд, аз ин хотир ҳузурашон дар кишвар тӯлонӣ шудааст.

“Онҳо аз хавфи ҷони худ тарки Ватан карданд ва мақомоти Тоҷикистон ба хотири риояи принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳусни ҳамсоядорӣ ба онҳо иҷоза доданд, ки вориди хоки кишвар шаванд. Ҳеҷ кишваре ҳам омода нашудааст, ки онҳоро бипазирад. Агар онҳо мехоҳанд Тоҷикистонро тарк кунанд, роҳе ба ҷуз бозгашт ба Афғонистон надоранд”,-гуфт ин манбаъ.

Қаблан "Reuters", як хабаргузории бритониёӣ бо истинод ба сабтҳое аз ин халабонҳо ва хешовандони онҳо хабар дод, ки будубошашон дар ин кишвар "тӯл кашидааст".
Онҳо аз Амрико хостаанд, ки онҳоро ба Иёлоти Муттаҳида интиқол диҳад, аммо беш аз як моҳ аст, ки аз он сӯ посухе нарасидааст.
Ин хабаргузорӣ аз ҳузур ва нигаҳдории ҳудуди 150 шаҳрванди Афғонистон дар осоишгоҳе берун аз Душанбе хабар дода гуфтааст, пас аз он ки низомиён аз кишвар фирор карда, ба Душанбе меоянд, телефонҳои мобилии онҳо гирифтаву тамос бо хонаводаҳояшон маҳдуд карда мешавад.
Аэропорт Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Интиқоли халабонҳои афғон аз Ӯзбекистон ба АМА оғоз шуд
Ба гуфтаи низомиёни афғон, мақомоти Тоҷикистон ҳангоми гирифтани телефонҳо гуфтаанд, ки ин кор ба хотири амнияти онҳо сурат гирифтааст ва "Толибон" аз занги онҳо ба Афғонистон метавонанд маҳалли будубошашонро тасбит кунанд. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, мушкили аслии ин халабонҳо масъалаи аснод ва дигар ҳуҷҷатҳои будубош аст.

“Як шаҳрванди хориҷӣ бидуни ҳуҷҷат наметавонад дар Тоҷикистон аз ҷое ба ҷое ҳаракат кунад. Расидагӣ ҳам ба умури онҳо кори мушкилест, аммо қазияи онҳо дар ҳоли баррасӣ аст”,-гуфт манбаъ.

Қаблан хабаргузории "Avia.pro" хабар дода буд, ки халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо аз "Толибон"* рабуда, қисмеро ҳам ба Тоҷикистон интиқол додаанд.
Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки дар қаламрави кишварҳои дигар 19 чархболи "Ми-17", 7 чархболи "UH-60", 7 ҳавопаймои ҳамлаи "А-29 Тукано", 17 ҳавопаймои сабукрави "Cessna 209B" ва 11 ҳавопаймои "Pilatus-12NG" аз Афғонистон хориҷ карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала