Дар Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ пайдо шуд

© Пресс-служба Маджили миллиОткрытие бюста и улицы Рудаки в Нур-Султан
Открытие бюста и улицы Рудаки в Нур-Султан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Дар Қазоқистон нимпайкара ва ҳамзамон кӯчае ба номи сардафтари адабиёти классикии форусу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нурсултон Алтай Кулгинов дар ин шаҳр нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро рӯнамоӣ кардаанд.
Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нурсултон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
Вид на город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
Миёни Душанбею Нур-Султон санади бародаршаҳрӣ имзо шуд
Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Нурсултон, дар ноҳияи Алмаато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад, афзуд манбаъ.
Нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳаи кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.
Гуфта мешавад, майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб шудаанд.
Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала