Қирғизистон аз рабуда шудани ду шаҳрванди ноболиғаш аз сӯйи Тоҷикистон хабар дод

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ду ноболиғ аз ин кишвар рабуда ва ба қаламрави Тоҷикистон мунтақил шудаанд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Низомиёни тоҷик ду хонандаи синфи 11-ро аз деҳаи Жаштаки ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рабудаанд, хабар дод Sputnik Қирғизистон бо такя ба гуфтаи раиси деҳа Откур Холиқов. Ба иттилои ин манбаъ, ҳодиса 23 сентябр рух додааст.
Ҷониби Тоҷикистон аз сангзании кӯдакони тоҷик аз сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷа ду кӯдак дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Аммо Sputnik Қирғизистон аз қавли Азам Ғаффоров, падари яке аз мактабхонҳо овардааст, ки ноболиғон дар бор кардани як мошин кумак мекардаанд, ки дар ин ҳангом мақомоти қудратии Тоҷикистон онҳоро боздошт карда, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурдаанд. Мақомоти умури дохилии Бодканд гуфтаанд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
В районе села Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷузъиёти латукӯби сокинони Чоркӯҳ аз сӯйи қирғизҳо
Дар ҳамин ҳол Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки 23 сентябр аз ҷониби афроди номаълум ду шаҳрванди Қирғизистон, зодаи соли 2005 боздошт шудаанд. Ин ниҳод афзудаст, ки бо такя ба иттилои аввалия ин ноболиғон ба қочоқбарон дар бор кардани мол дар наздикии хатти шартии марз кумак мекардаанд.
"Дар ҳамин ҳангом афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ду нафарро боздошт карда, бо мошини "Mercedes-Benz Sprinter" ба қаламрави Тоҷикистон рафтаанд", - омадааст дар иттилоияе, ки Sputnik Қирғизистон аз қавли Хадамоти марзбонии ин кишвар овардааст.
Таъкид шудааст, ки дар пайи мулоқоти намояндагони Суғду Бодканд хонандагони мактаб баргардонда шудаанд. Манбаъ афзудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи вазъ мақомоти марзбонӣ дар ноҳияи Лайлак ба низоми пурзӯри хидмат гузаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҷониби Тоҷикистон фарзияи худро дар мавриди ин ҳаводис дар марз бо Қирғизистон баён карданд. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки дар пайи сангзании ҷониби қирғизҳо ду кӯдаки тоҷикистонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала