Раҳмон дар СММ аз фоҷиаи инсонӣ дар Панҷшер ва хомӯшии созмонҳои байналмилалӣ гуфт

© Александр ХроленкоПанджшерское ущелье в Афганистане
Панджшерское ущелье в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ аз вазъи вахим дар вилояти Панҷшери Афғонистон гуфту хомӯшии созмонҳои байналмилалиро интиқод кард
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷеабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи умумии СММ гуфт.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.
"Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи башарӣ ба ҳисоб меравад", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон чашм пӯшидани созмонҳои байналмилалиро дар баробари ин ҳама қонуншиканиҳо интиқод кардааст.

"Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд",-афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Таассуфи Раҳмон аз ваъдахилофии "Толибон"* ва ишора ба ҷойгоҳи хоси тоҷикон дар Афғонистон
Бо дарназардошти ин ҳолат раҳбари Тоҷикистон роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар донистааст.
"Дар ин росто тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд, дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, вале бар ин бовараст, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала