Раҳмон: Бинобар тағйри иқлим Тоҷикистон ҳар сол миллионҳо доллар зарар мебинад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Мавзуъҳои асосии суханронии раисҷумҳур дар бораи муҳити зист камбуди об ва обшавии пиряхҳо буд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ паёми видеоӣ фиристод, ки дар он ба мавзӯи доғи рӯз, гармшавии иқлими саросарӣ рабт дошт.
Президенти Тоҷикистон аз тағйири силсилаи гидрологӣ замин, ки боиси обхезии шадид ва хушксолӣ мешавад, изҳори нигаронӣ кард.
"Кишвари мо ҳамасола бар асари офатҳои табиии марбут ба об садҳо миллион доллар зарар мебинад ва дар аксари ҳолат офатҳои табиӣ боиси марги одамон ва харобшавии иншоотҳои ҳаётан муҳим мешаванд", - гуфт сарвари кишвар.
Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқаи саросарӣ аз 13 ҳазор пиряхи кӯҳҳои Тоҷикистон беш аз ҳазортои онҳо комилан об шудаанд. Танҳо дар давоми даҳсолаҳои охир пиряхи Федченко дар Тоҷикистон ҳудуди 11 километри мураббаъ кам шудааст.
Президенти кишвар ёдовар шуд, ки 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд.
Қатъи интиқоли оби ошомиданӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2015
Озода Раҳмон: 40% аҳолии Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба об доранд
Таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид як қадами дигарест, ки метавонад барои омӯзиши ҳамаҷониба ва пешниҳоди ҳалли муассири ин мушкили ҷаҳонӣ сурат гирад, илова кард роҳбари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷараёни омодагиҳо ба конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар бораи баррасии Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” хабар дод.
Вай изҳори боварӣ кард, ки ин чорабинӣ нақши калидии мушкилоти обро дар ҷаҳони имрӯза нишон хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала