Таассуфи Раҳмон аз ваъдахилофии "Толибон"* ва ишора ба ҷойгоҳи хоси тоҷикон дар Афғонистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Сарвари давлат бо таассуф гуфт, ки "Толибон"* ваъдаи таъсиси ҳукумати фарогирро дар Афғонистон иҷро накарданд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тоҷикони этникӣ, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд, ҳақ доранд? дар идораи давлатии ҷумҳурӣ ҷои муносибро ишғол кунанд.
Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ гуфтааст.

"Тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46 дарсади аҳолии онро ташкил медиҳанд, дар қатори дигар қавмҳои ин кишвар ҳақ доранд, ки дар ҳукумат мақоми сазоворро ишғол кунанд",-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Раҳмон, ба сари қудрат омадани аъзои "Толибон"* раванди бе ин ҳам мушкили геополитикии ин кишварро боз ҳам печидатар кардааст.
Сарвари давлат изҳори таассуф кард, ки "Толибон"* ваъдаи худро иҷро ва дар ҷумҳурӣ ҳукумати фарогирро ташкил накарданд.
Ба гуфтаи Раҳмон, танҳо муколама бо ширкати тамоми табақаҳои ҷомеаи Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон боиси истиқрори сулҳу суботи пойдор дар минтақа хоҳад шуд.
Эмомали Рахмон на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Мулоқоти Амруллоҳ Солеҳ ва Бисмиллоҳхон бо Эмомалӣ Раҳмон: буд ё набуд?
Сарвари давлат таъкид кард, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳад кард, вале барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад.
Вай пешниҳод кард, ки "тариқи раъйпурсӣ ва бо назардошти мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар сохтори қудрат муайян карда шавад" ва бори дигар ба ташкили ҳукумати фарогир даъват кард.
Илова бар ин Раҳмон ҷиноятҳо, кушторҳо, ғоратгарӣ ва зулми мардуми Афғонистонро маҳкум кард ва аз вазъи бад дар Панҷшер сухан гуфт. Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, дар ин вилоят фоҷеаи инсонӣ рух медиҳад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала