Тафсилоти қарантини Путин: шарҳи Песков

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин по видеосвязи принял участие в заседании Совета глав государств - членов ШОС
Президент РФ В. Путин по видеосвязи принял участие в заседании Совета глав государств - членов ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Худинзивоӣ маҳдудияти рамзӣ буда, раисҷумҳури Русия тамоми масъулиятҳои дар уҳдадоштаашро иҷро мекунаду дар вақти берун аз кор машғулиятҳои рӯзмарраро анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Владимир Путин дар қарантин ё худинзивоӣ реҷаи муқаррарии кору зиндагияшро пеш мебарад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия иттилоъ дод.
Рӯзноманигорон аз сухангӯи Путин суол карданд, ки роҳбари давлат дар вақтҳои берун аз кораш, дар қарантин ба чӣ машғул аст ва оё шуғлаш ба варзиш, аз ҷумла шиновариро идома дода истодааст ё на.

"Реҷаи муқаррарии зиндагияшро медиҳад ва албатта, далеле барои тағйири чизе мавҷуд нест",-таъкид намуд Песков.

Худинзивоӣ ин маҳдудияти шартӣ мебошад ва роҳбари Русия пайваста бо ҳукумат ва роҳбарияти дастгоҳ дар тамос мебошад, илова кард намояндаи Кремл.
Города России. Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Дар Кремл аз эҳтимоли омадани "Толибон"* ба Маскав гуфтанд
Дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр иттилоот расонаӣ шуд. Далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.
Дар пайи сари вақтнагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки амнияту кори раисҷумҳурро таъмин мекунанд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи Путин воксини зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала