“Толибон”* аз Русия кӯмак хостанд: Намояндагони ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд?

© AP / Rahmat GulПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (слева) прибывает на свою первую пресс-конференцию в Информационный центр правительственных СМИ в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Ҷангҷӯёни “Толибон”*, ки дар Афғонистон қудратро ба дӯши худ гирифтанд, дар талоши барқарор кардани субот дар кишвар мебошанд
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати “Толибон”* дар суҳбат бо "РИА Новости" гуфтааст, ки Русия метавонад байни СММ ва Афғонистон миёнрав шавад.

"Русия метавонад байни мо ва СММ миёнрав бошад, аз ҷумла дар масъалаи коҳиш додани фишори таҳримҳо",-таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, гурӯҳ аз Русия хоҳиш мекунад, ки дар истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва инчунин дар барқарорсозии кишвар мусоидат кунад.
Намояндаи ҳукумати нави “Толибон”* изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ ба Кобул таъсири мусбат мерасонад.
Пештар Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ қайд карда буд, ки то ҳол дар Шӯрои амнияти СММ масъалаи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати “Толибон”* баррасӣ нашудааст, аммо ин масъала бояд дар оянда баррасӣ шавад.
Панджшерское ущелье в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Раҳмон дар СММ аз фоҷиаи инсонӣ дар Панҷшер ва хомӯшии созмонҳои байналмилалӣ гуфт
Ба гуфтаи намояндаи доимии Русия, масъалаи асосие, ки бояд пеш аз ҳама ҳал шавад, расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки Толибон ба Русия муроҷиат мекунанд. Қаблан ҷангҷӯён аз дипломатҳои рус хоста буданд, ки ба намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон паём дар бораи нияти гузаронидани муколама дар бораи вилояти Панҷшерро расонанд, ки он вақт ин минтақа таҳти назорати онҳо набуд.
Илова бар ин “Толибон”* Русияро ба иштирок дар савгандёдкунии ҳукумати нав даъват карданд, ки дар ниҳоят ин иқдом бекор карда шуд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала