Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Занҳои тоҷику қирғиз барои ҳалли баҳсҳои марзӣ дар Чоркӯҳ гуфтушунид мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина в защитной маске на улице
Женщина в защитной маске на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Занҳои тоҷику қирғиз дар деҳаи Сомониёни Исфара, ҳамарз бо деҳаи Оқсойи Ботканд гирди ҳам омада, дар бораи баҳси марзӣ гуфтушунид мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара дар бораи баргузор шудани гуфтушунид миёни занҳои деҳоти Чоркӯҳи Тоҷикистон ва деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфтушуниди занон соати 16 :00 (бо вақти Тоҷикистон) баргузор мегардад.
“Қарор аст, маҷлиси занҳо дар наздикии мактаби 64 доир гардад. Дар ин ҷамъомад занҳои фаъол аз деҳоти Чоркӯҳ ва деҳаи Оқсой иштирок намуда, миёни ҳам баҳсҳои марзиро баррасӣ хоҳанд кард”,- афзуд манбаъ.
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Қирғизистон аз рабуда шудани ду шаҳрванди ноболиғаш аз сӯйи Тоҷикистон хабар дод
Алияхон Довудова, омӯзгори мактаби № 64-и деҳаи Сомониён низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз баргузор шудани ҷаласа бо иштироки онҳову занҳои қирғиз, ки интизор меравад, асри имрӯз доир шавад, огоҳ аст.

“Занҳои ҷониби Қирғизистон бо роҳбарии Роза Усарова, раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд пешниҳод намудаанд, ки ҳамроҳ бо занони фаъоли деҳоти Чоркӯҳ дидору гуфтушунид доир намуда, бо ҳамин роҳ ба ҳалли баҳсҳои марзӣ мусоидат кунанд. Ин пешниҳодро мақомот ва масъулони ҷамоат ҷонибдорӣ намудаанд”,-зикр кард Довудова.

Ин омӯзгори мактаб гуфт, бо гузашти як рӯз аз ҳодисаи сангпартоии қирғизҳо ҷониби хонандаҳои мактаб ҳоло вазъи марз дар деҳаи Сомониён ором аст ва сокинон ҳама пайи кору зиндагии маъмулии худ ҳастанд.
Масъулони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара 23 сентярб дар бораи сангзанӣ ва ҳамлаи қирғизҳо ба хонандаҳои мактаби № 64 иттилоъ дода буданд.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Барои аксгирӣ бо сарбозон”: Ҷузъиёти ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон
Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки соати 11:00 хонандаҳои мактаби 64, ҳангоми бозгашт ба хонаҳояшон мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифтаанд.

“Сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд чанд хонандаи синфҳои 10 ва 11-ро дар роҳ бо санг задаву латукӯб кардаанд. Аз ин ҳол Ҷӯрабек Насриддинов, сокини 31-солаи деҳаи Сомониён бохабар шуда, ба ҳимояи хонандаҳо мебарояд, ки қирғизҳо ба ӯ ва фарзандонаш ҳамла мекунанд”,-нақл кард Насриев.

Бино ба иттилои манобеъ аз бемористони марказии шаҳри Исфара, дар натиҷаи ҳамлаи қирғизҳо Ҷӯрабек Насриддинов ва фарзанди ӯ Эҳсонҷон, хонандаи синфи 1 зарбаи мағзӣ (сотрясение мозг) гирифтанд ва ҳоло таҳти муроқибати духтурон қарор доранд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи сангзание, ки аз ҷониби қирғизҳо сар зад, ба ҳисоби Эҳсонҷон, Ривоҷиддин Махкамов ва Шукрилло Орипов, хонандаҳои синфҳои 10 ва 11 мактаби № 64 аз тахтапушт зарба бардоштаанд.
В районе села Чоркух. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷузъиёти латукӯби сокинони Чоркӯҳ аз сӯйи қирғизҳо
Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар бораи бистарӣ шудани се нафар дар пайи ҳодисаи дирӯз иттилоъ дода, аммо аз шарҳи бештари вазъи онҳо худдорӣ варзиданд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.
Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон даҳҳо кас аз ду тараф кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар тахриб шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала