Зодаи Тоҷикистон, ки табибро зад, узр намехоҳад: Ӯ шарҳ дод чаро - видео

© Sputnik / Николай Гернет / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Марди зодаи Тоҷикистон, ки дар задани табиб барои муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш, муттаҳам мешавад, узрхоҳиро рад намудаст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шавҳари муттаҳам дар латукӯби табиб мегӯяд, ин пизишк ба ҳамсараш хушомад задааст, ки ин қобили қабул нест.
Инчунин бар асоси навори бозпурсии ҷавони тоҷик, ӯ мегӯяд, ки табиб аз ҳамсараш суол кардааст, ки чаро ин ҷуволҳоро ба бар кардааст, ки ба гуфтаи ӯ берун аз салоҳияти пизишк мебошад.
Марди 29-солаи зодаи Тоҷикистон, ки 8 соли қабл шаҳрвандии Русияро гирифтааст, дар авбошӣ бо истифода аз зӯр айбдор мешавад. Дар ин бора раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар ҳавзаи мухтори Ханти - Мансийск хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба осеби расондашуда ба ҷабрдида, муттаҳамро аз 300 ҳазор рубл ҷарима то ҳабс таҳдид мекунад.
Аз духтури ҷабрдида табиби дерматолог Владимир Жерноклеев ном бурда шудааст. Ба асоси гузоришҳо, ба назди ӯ зани 30-солаи ҳиҷобпӯш омадаст, ки ниёз ба муоина доштааст.
Ба навиштаи расонаҳо, нахуст зан нахостааст, ки ӯро мард муоина кунад ва табиб ба ӯ тавсия додааст, ки ба роҳбарият муроҷиат намояд. Дар ниҳоят зан розӣ шудааст, ки Жерноклеев ӯро муоина намояд ва қисме аз шикамашро дидаст. Баъди рафтани зан ҳамсараш, марди 29-сола вориди утоқи духтур шуда, бо иттиҳоми он ки шиками ҳамсарашро дидаст, мушт ба рӯи пизишк мезанад, таъкид намуданд расонаҳо.
Жерноклеев изҳор доштааст, ки дар таҷриба беморони зиёди мусалмонро муоина кардааст ва чунин қазия ба сараш бори аввал омадааст. Ин ҳолат баъди расонаӣ шудан вокуниши зиёдро ба бор овард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала