Фармондеҳ Ғании Андаробӣ дар бораи вазъи Андаробҳо

© AFP 2021 / Ahmad Sahel ArmanАфганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд як ҳафта ба ин сӯ вулусволиҳои Андаробҳоро таҳти назорат доранд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, Андаробҳо, ба истиснои қисматҳои бузурге аз дараҳои фаръии дараи Панҷшер, танҳо минтақае ба шумор меояд, ки аз султаи “Толибон” (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) озод ва таҳти идораи Ҷабҳаи муқовимат аст.
Ғанӣ Туғрали Андаробӣ, маъруф ба Туғрали Андароб, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи сардиҳои ахир дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ҷангиёни таҳрики “Толибон” минтақаи Андаробҳоро раҳо намуда, рӯ ба фирор овардаанд.
“Се рӯзи пеш мо вулусволии Бануро дубора озод кардем. “Толибон” то ба ҳол ҳаракате аз худ нишон намедиҳанд ва ин фурсати моро барои омодагӣ ба дифоъ ҳамвор кардааст. Сардии ҳаво як гуна мушкилофар аст, аммо сарбозони Муқовимат далерона истодагӣ мекунанд”, - гуфт Ғании Андаробӣ.
Пули Ҳисор, Деҳсалоҳ ва Бану се вулусволии вилояти Бағлон дар қисмати шарқу шимолии дараи Панҷшер ҳастанд, ки дар миёни мардум ба минтақаи Андаробҳо ёд мешавад.
Дар ин минтақа ба ҷуз Ғании Андаробӣ, фармондеҳони дигари Ҷабҳаи муқовимат, назири Хайрмуҳаммади Андаробӣ, Ромиши Андаробӣ, Лутфуллоҳ Машҳур ва дигарон фаъолият мекунанд. Андаробҳо бори сеюм аст, ки аз султаи “Толибон” озод мешавад ва таҳти идораи Ҷабҳаи муқовимат қарор мегирад.
Ҷангҳои шадид барои Андаробҳо аз моҳи август шуруъ шуда, “Толибон” ду маротиба онро ишғол намуданд ва нерӯҳои Муқовимат дубора онҳоро ронданд.
Ғании Андаробӣ мегӯяд, “Толибон” се рӯзи қабл дар рустоҳои Даришав ва Дараи Арзаи вулусволии Пули Ҳисор як амалиёт роҳандозӣ карда буданд, ки бо муқовамати шадиди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат мувоҷеҳ шуда, шикаст хӯрданд.
“Сарбозони мо иттилоъ доданд, ки шаш ҷасад ва се захмии ҷангиёни толибро ба чашм дидаанд, аммо талафоташон аз ин бештар гуфта мешавад. “Толибон” захмиҳо ва аҷсодашонро дар тонкҳои “Ҳомви” бор карда, ба шифохонаи вулусволии Деҳсалоҳ интиқол медоданд. Ду толибро ҳам асир гирифтем. Аз ҷониби мо куштаву захмӣ вуҷуд надорад”, - гуфт Ғании Андаробӣ.
Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, волии Панҷшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Соҳибхонаи бин Лодан ва шарики Қорӣ Фасеҳуддин”: вазири Панҷшерии “Толибон”* кист?
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, бино ба иттилои Ҷабҳа, “Толибон” ба думболи ин шикаст шумори зиёде аз нерӯҳояшонро ба самти Андароб меоранд.
“Дар оғоз толибони маҳаллиро истихдом мекарданд, ҳоло аз вилоятҳои ҷанубии Қандаҳору Ҳилманду Пактиё ва ғайра нерӯ меоранд. Рӯзҳое, ки ҷангҳо шадид буданд, ҷангиёни покистонӣ ва ҳатто генералҳои артиши он низ ҳузур доштанд, ки аксҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба нашр расид”, - гуфт Ғании Андаробӣ.
Андаробҳо аввалин минтақае буд, ки пас аз фурӯ нишастани шиддати ҷанг ва ақибнишинии нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба дараҳои фаръии дараи Панҷшер дигарбора озод шуд. Ин вазъ мавқеияти нерӯҳои Ҷабҳаи Муттаҳидро беҳтар сохт ва дигарбора ҷангро аз Панҷшер ба берун кашид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала