Коронавирус мағлуб шуд? Маълумоти нав аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар кишвар ягон нафари мубталои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳафтаи дувум аст, ки пизишкон ягон ҳолати бемории коронавирусро сабт намекунанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, омори гирифторӣ ба беморӣ аз аввали пандемия чунин аст:
дар маҷмӯъ дар кишвар 17,084 нафар мубталои коронавирус шуданд,
16 960 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд,
124 бемор вафот кард.
Охирин додаҳои вазорат аз гирифторони коронавирус дар кишвар рӯзи 13 сентябр буд.
Қобили зикр аст, ки ваксинзании оммавии аҳолии калонсол дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус беш аз 2 миллион доллар кумак мегирад
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ аз коронавирус чор дору мавҷуд аст: CoronaVac - и чинӣ, AstraZeneca аз аврупоӣ, Moderna - и амрикоӣ ва Супутник В - и русӣ.
Қаблан вирусолог, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов гуфта буд, ки дар моҳи август Тоҷикистон ба сатҳи баланди сироят расид ва пас аз ин беморӣ ба шиддат коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, 25 сентябр дар саросари ҷаҳон 231 миллиону 661 ҳазору 238 нафар сироят ёфтаанд, ки аз онҳо 206 миллиону 603 ҳазору 897 нафар шифо ёфтаанд ва 4 миллиону 746 ҳазору 336 нафар фавтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала