Аҳмад Масъуд: "Толибон"* Афғонистонро ба макони терроризми ҷаҳонӣ табдил доданд

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон мегӯяд, "Толибон"* Афғонистонро ба макони терроризми байналмилалӣ табдил додаанд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат, дар як конфронс ба ифтихори Аҳмадшоҳи Масъуд дар Донишгоҳи Кембриҷи Британия зимни интиқод аз "Толибон", хостори ташкили давлати фарогир дар Афғонистон шуд.
"Системае, ки танҳо як бахши ҷомеаи Афғонистонро муаррифӣ мекунад, ғайриамал буда, ноком хоҳад шуд", - гуфт Масъуд дар конфронс ва таъкид кард, ки мардум бояд раҳбарони худро интихоб кунанд.
"Таърихи Афғонистон собит кард, ки ташкили ҳукумат бар асоси танҳо як бахши ҷомеа ва бор кардани он ба тамоми мардум бесамар аст", - гуфт раҳбари муқовимат.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми маҳаллӣ бояд қудрати интихоби раҳбарон ва масъулияти онҳоро дошта бошанд ва ин модели идоракунӣ дар Афғонистон дар асри гузашта вуҷуд дошт.
Вай дар идома бо интиқод аз "Толибон"* гуфт, онҳо баъди ба қудрат расидан дар Кобул ҳуқуқи занонро нодида гирифтанд ва ононро аз ҳаққи таҳсил маҳрум карданд.
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Пидром: Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон наомадааст, дар Афғонистон аст
Масъуд мегӯяд, ки "Толибон"* Афғонистонро ба макони терроризми байналмилалӣ табдил додаанд, ки ин барои минтақа ва ҷаҳон хатари зиёд дорад.
Ӯ гуфт, мо хоҳони як давлати фарогир ҳастем, давлате, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром гузорад ва бо тамоми кишварҳо робитаи ҳасана дошта бошад.
Аҳмад Масъуд фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ҳоло муқовимати дуввумро раҳбарӣ мекунад ва бо ҳамсангаронаш зидди "Толибон"* дар Панҷшер ҷанг мекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала