СММ: намояндаи Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ мекунад

© Пресс-служба МИД РТНа заседании Совета Безопасности ООН
На заседании Совета Безопасности ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Интизор меравад, ки Кумитаи аккредитатсияи СММ аввали моҳи октябр муайян кунад, ки намояндаи Афғонистон дар ин созмон кӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Сухангӯи Дабири кулли СММ Стивен Дюжаррик гуфтааст, ки интизор меравад дар ин ҳафта намояндаи ҳукумати президенти фирории Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кунад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ин дар ҳолест, ки намояндаи расмии дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ гуфта буд, ки "Толибон"* ба ин созмон нома фиристодаанд, ки Муҳаммад Суҳайл Шоҳин аз ҷониби ин гурӯҳ ба ҳайси намояндаи доимии Афғонистон таъин шудааст.
"Ҳоло ҷаноби Ғулом Исҳоқозай дар феҳристи суханварони афғон дар рӯзи душанбе қарор дорад", - гуфтааст ӯ.
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Вокуниши Русия ба намояндагии "Толибон"* дар Созмони Милал
Интизор меравад, ки Кумитаи аккредитатсияи СММ муайян кунад, ки аввали моҳи октябр Афғонистонро дар СММ кӣ намояндагӣ кунад.
Қаблан низ кишварҳо аз ҷумла Олмон ба дархости "Толибон"* барои сунханронӣ мухолифат кард.
Ҳейко Маас, дар вокунише ба дархости "Толибон"* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад.
Вай қайд кард, ки барои "Толибон"* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.
Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала